Рӯзи 2-юми август дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.

Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Дар Гаяна – Рӯзи озодӣ

Соли 1791 Самуэл Бригс ва писараш барои сохтани дастгоҳи истеҳсоли мех патент ба даст оварданд.

Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони ИМА қуттии почта насб гардид.

Соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.

Соли 1937 дар Олмон калонтарин хор дар таърихи башарият суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Соли 1941 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мубодилаи номаи ёддошт сурат гирифта, ИМА омодагии худро барои ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг кумак расонидан баён дошт.

Соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии СММ таъсис дода шуд.

Соли 1993 Грузия рублро бекор карда, купони худро ба муомилот баровард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ