Украина Ўзбекистонро дар “феҳристи сиёҳ” ҷойгир кард

Украина Ўзбекистонро дар “феҳристи сиёҳ” ҷойгир кард

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати ҳифзи тандурустии Украина дар “феҳристи сиёҳ”-и худ, ки аз кишварҳои вазъияти эпидемиологиашон мураккаб иборат аст, Ӯзбекистонро низ сабт кард. Дар кулл, 120 кишвар дар ин феҳрист ҷойгир мебошанд.
Вазорати ҳифзи тандурустии Украина кишварҳои хориҷиро аз лиҳози вазъияти эпидемиологӣ ба ду тоифа – “сурх” ва “сабз” тақсим мекунад. Шаҳрвандони кишварҳои тоифаи сурх ҳангоми омадан ба Украина чанд муддат дар карантин нигоҳ дошта мешаванд. Барои шаҳрвандони кишварҳои тоифаи сабз танҳо супурдани тест барои ташхиси коронавирус кофӣ аст.
Кишварҳое, ки дар 14 рӯзи охир мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус бар сари ҳар 1000 нафар дар муқоиса бо Украина бештар сабт шудааст, шомили тоифаи сурх мешаванд. Ҳамчунин, кишварҳое, ки дар 14 рӯзи охир дар онҳо шумори мубталоён 30 дарсад афзоиш ёфтааст, низ дар “феҳристи сиёҳ” ҷойгир шудаанд.
Шветсия, Португалия, Хорватия, Белорус, Британияи Кабир, Туркия, Словения, Миср ва Италия аз ҷумлаи кишварҳои тоифаи сабз ҳастанд.
Чин, Венгрия, Гурҷистон, Олмон, Чехия, Болгария, Албания, Полша, Фаронса, Ӯзбекистон, Русия, Қирзистон ва Қазоқистон дар саффи кишварҳои тоифаи сурх қарор доранд. Ин аҷиб аст, ки Туркманистон низ шомили “феҳристи сиёҳ” аст, бо вуҷуди ин, ки гирифторӣ ба коронавирус ҳанӯз дар ин кишвар ба сурати расмӣ тасдиқ нашудааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ