Amazon барои эҷоди интернети моҳвораӣ беш аз $10 миллиард сарф мекунад

Amazon барои эҷоди интернети моҳвораӣ беш аз $10 миллиард сарф мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Ширкати амрикоии Amazon дар лоиҳаи интернети моҳвораии Kuiper беш аз 10 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Дар ин бора блоги Amazon хабар додааст.
Лоиҳаи интернети моҳвораии Kuiper-ро худи ширкати Amazon баҳори соли 2019 муаррифӣ карда буд. Дар чорчӯби ин лоиҳа дар атрофи замин гурӯҳи моҳвораҳо (моҳвора – спутник) эҷод хоҳад шуд. Ин система ҳамагӣ 3236 дона моҳвораро дар худ ҷамъ мекунад ва бо ин система минтақаҳои дурдасти саросари ҷаҳон бо интернет таъмин мегарданд.
Гуфта мешавад, ки бо як қисми маблағ дар шаҳри Редмонд маркази истеҳсоли моҳвораҳо барои ин лоиҳа ба кор андохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дигар ширкати амрикоӣ – SpaceX низ ҳоло ба амалисозии чунин лоиҳа пардохтааст. Ин ширкат барои ба орбита баровардани моҳвораҳои Starlink аз ракетаҳои Falcon 9-и худ истифода мебарад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ