Дар Ӯзбекистон шумораи умумии гирифторони коронавирус аз 25 ҳазор нафар афзуд

Дар Ӯзбекистон шумораи умумии гирифторони коронавирус аз 25 ҳазор нафар афзуд

Бино ба ҳолати 2-юми августи соли 2020, соати 10:00 дар Ӯзбекистон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 25040 (+257) нафар расид.

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар вилояти Самарқанд (103 нафар), шаҳри Тошканд (99 нафар), вилояти Сирдарё (18 нафар), вилояти Қашқадарё (14 нафар), вилояти Навоӣ (9 нафар), вилояти Намангон (5 нафар), вилояти Фарғона (5 нафар) ва дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (4 нафар) дар байни шахсоне, ки бо беморон дар мулоқот шудаанд, аниқ гардид.

Ҳоло дар мамлакат 15299 нафар сироятёфтагони коронавирус шифо ёфтанд, ки ин 61 фоизро ташкил мекунад.

Ҳоло ба 9592 нафар бемор аз тарафи шифокорон дар асоси стандартҳои муқаррарӣ чораҳои табобатӣ андешида мешавад.
592 нафар бемор дар ҳолати вазнин ва 185 нафар дар вазъи бениҳоят вазнин қарор доранд.

Шӯъбаи робита бо ҷамоатии Вазорати ҳифзи тандурустӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ