Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муддати идомаи пандемияро пешгӯӣ кард


Кумитаи фавқулоддаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) муддати идомаи пандемияро пешгӯӣ кард. Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, ки пандемия метавонад хеледер идома ёбад.
Кумита таъкид мекунад, ки вазъият дар ҷаҳон ҳанӯз хеле мураккаб аст. Созмон дар заминаи мубориза бо коронавирус чорабиниҳои кишварҳоро хеле муҳим медонад ва ҷавононро ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 даъват мекунад.
СҶТ акнун баъди 3 моҳ вазъияти вобаста ба пандемияи ҷаҳонро арзёбӣ хоҳад кард.
Бино ба додаҳо, ҳоло дар ҷаҳон шумори мубталоёни коронавирус беш аз 17,5 миллион нафар буда, пандемия 188 кишварро фаро гирифтааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ