Мексика аз рӯи шумори қурбониёни COVID-19 сеюмин кишвари ҷаҳон шуд

Мексика аз рӯи шумори қурбониёни COVID-19 сеюмин кишвари ҷаҳон шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи гузашта дар Мексика 46 600-умин марг бар асари COVID-19 сабт шуд. Бо ин ҳол, Мексика аз рӯи шумори қурбониёни коронавирус баъди ИМА ва Бразилия савумин кишвари ҷаҳон шуд. То ҳол дар ИМА беш аз 150 ҳазор ва дар Бразилия беш аз 90 ҳазор мубталои коронавирус вафот карданд.
Дар зимн, Мексика аз рӯи шумори мубталоёни коронавирус шашумин кишвар дар ҷаҳон аст. Тақрибан 425 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар мубталои коронавирус шудаанд. Дар як шабонарӯзи гузашта дар Мексика 8458 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Ҳукумати Мексика ҳанӯз дар оғози ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки авҷи коронавирус дар кишвар ақибнишинӣ мекунад, вале, ҳамзамон ҳукумат омодагии худро ба авҷи дувум изҳор кард.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ