Кадом омилҳо барои коррупсия замина пайдо мекунанд?

Кадом омилҳо барои коррупсия замина пайдо мекунанд?

Дар Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд бо ҳамкории Кумитаи давлатии ривоҷдиҳии ветеринария ва чорводории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва прокуратураи вилоят зери мавзӯи “Бар муқобили коррупсия ва порахӯрӣ якҷоя мубориза мебарем” онлайн-анҷуман баргузор гардид.
Мутахассисони масъули Садорати адлия, Садорати корҳои дохилии вилоят ва идораҳои динӣ, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, профессор-устодони донишкада ва дигарон иштирокдорони конференсия буданд.
Дар онлайн-мулоқот дар бораи мазмуну моҳияти Фармони Президенти мамлакат аз 29-уми июни соли 2020 “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани сохтори мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон”, мақсад ва вазифаҳои асосии Агентӣ оид ба муқовимат бар зиддӣ коррупсия, ки дар асоси фармон таъсис ёфт ва мавқеи агентӣ бобати пешгирии ришватхӯрӣ сухан рафт.
Мубориза бар зидди ин иллат, ки барои рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, вазифаи аввалиндараҷаи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. То замоне, ки ин амали номатлуб пешгирӣ нашавад, ривоҷ ёфтани ҷомеа мушкил мегардад. Имрӯзҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи аниқ гардидани ҳолатҳои фиребгарии вобаста бо дохил кардани довталабон ба муассиспаҳои таълими олӣ зуд-зуд ба чашм мерасад. Тавре биринҷ бе курмкк намешавад, дар байни кормандони боргоҳҳои таълимӣ инсонҳое низ вомехӯранд, ки на танҳо ба номи устодӣ доғ меоранд, балки шаъну шарафи масканҳои муқаддаси таълимиро зери по месозанд.
Дар доираи онлайн-анҷуман саволҳо ба миён гузошта шуд. Яъне кадом омилҳо барои коррупсия замина пайдо мекунанд? Зарарҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии онро чӣ хел пешгирӣ кардан мумкин аст? Решаи ин муаммо дар куҷо ниҳон?
Иштирокдорон ба ин саволҳои муҳим аз нуқтаи назари илмӣ ҷавоб гардонданд. Инчунин, доир ба асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои мубориза алайҳи коррупсия, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-нормативӣ, ки дар ин самт имзо гардидаанд ва мазмуну моҳият, принсипҳои асосии онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Ректори донишкада, профессор Худойназар Юнусов дар бораи корҳое, ки бобати мубориза бар зиддӣ ин иллат дар муассисаи таълими олӣ амалӣ мегарданд, маълумот дод. Сарвари донишкада таъкид кард, ки дар донишкада дар натиҷаи тадбирҳои профилактикӣ ва тарғиботӣ, инчунин, ташкили пурсишномаҳои гуногун, онлайн-анкетаҳои беимзо, ғайр аз ин, дар асоси омилҳои демократӣ ва шаффофият дар сохтор ҳолатҳои ришватхорӣ 70-80 фоиз кам шудааст. Агар аз тарафи профессор-устодон ба чунин рафтори номатлуб роҳ дода шавад, донишҷӯён метавонанд бевосита ба ректори донишкада муроҷиат кунанд. “Қабулхонаи ректор”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ амал мекунад, маҳз бо ҳамин мақсад ташкил карда гардидааст.
Дар анҷом иштирокдорон ба мутасаддиён бо саволҳо муроҷиат карда, ҷавоби саҳеҳ гирифтанд.

Хизмати матбуоти Донишкадаи медитсинаи ветеринарияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ