Пандемия – муҳофизи каркидонҳо


Пандемияи коронавирус на танҳо ба иқтисоду ҳаёти иҷтимоӣ, балки ба шикори ғайриқонунӣ низ таъсири ҷиддӣ мегузорад. Масъулони ин соҳа дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) шадидан коҳиш ёфтани шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои ваҳширо таъкид мекунанд. Ин сараввал натиҷаи карантин аст, ки аз сафар ба роҳҳои дурро маҳдуд мекунад ва дар натиҷа кори шикорчиёни ғайриқонуниро душвор мекунад.
Бино ба додаҳои вазорати муҳити зисти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 166 сар каркидон ба сурати ғайриқонунӣ шикор шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо нимаи аввали соли гузашта ду баробар коҳишро нишон медиҳад. Ҳамчунин, набудани сайёҳон боздошти шикорчиёни ғайриқонуниро ба посбонҳои муҳити зист осонтар кардааст. Дар ин муддат тақрибан 40 нафар ба ҷурми шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои ваҳшӣ, аз ҷумла, кардкидонҳо боздошт шудаанд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ