Отит — бемории фасли гармо

Отит — бемории фасли гармо

  • Post category:Саломатӣ

Бемориҳои илтиҳобии узвҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ дар фасли гармо ҳам хеле зиёд ба назар мерасанд. Яке аз чунин бемориҳо отит (бемории гӯш) мебошад, ки бо фарорасии фасли гармо ва мавсими оббозӣ, хатари гирифтор шудан ба он ба маротиб боло меравад.

Отити тобистона бештар дар натиҷаи оббозӣ ва зиёд мондан дар дохили оби сард буруз мекунад. Инчунин зиёд нишастан назди кондитсионер ва истеъмол намудани нӯшокиҳои хунук низ метавонанд боиси сар задани отит шаванд. Дар фасли гармо ба отит бештар кӯдакон гирифтор мегарданд.

Отит бемории илтиҳобии гӯш буда, дар натиҷаи ворид шудани сироят ба гӯш рушд мекунад. Боктериҳои сироятӣ ба осонӣ аз узвҳои нафаскашӣ, ба монанди ҳалқ ва бинӣ ба гӯш интиқол меёбанд. Отит хусусан барои кӯдакон хатари зиёд дорад ва агар сари вақт табобат нашавад, ба шакли музмин гузашта, метавонад кӯдакро дучори мушкили ношунавоӣ кунад.

Аломати асосии отит пайдоиши дард ва сихзанӣ дар гӯш ба шумор меравад. Инчунин ҳангоми отит ҳарорати бадан метавонад баланд шуда, ҳисси шунавоии инсон поин равад. Дар оғоз инсони гирифтор ба отит аз дарди гӯш ранҷ мебарад ва сипас баъди чанд рӯз аз гӯши бемор моеъи зард ё зардоб берун мерезад. Қабл аз сӯрох шудани пардаи гӯш беҳтар аст сари вақт ба пизишки гӯшу гулӯ ва бинӣ муроҷиат кунед.

Агар беморон ин ҳангом ба мутахассис муроҷиат накунанд, моеъи зардобгин боз дар дохили гӯш ҷамъ мегардад. Инчунин дар баъзе маворид моъеи зардобгин наметавонад мустақилона берун оянд ва ин ҳолат барои бемор хатари ҷонӣ ба бор меорад. Инсон гирифтори абстсесси мағзи сар ё илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) мегардад.

Барои ташхиси отит, табиби ЛОР ба василаи отоскоп гӯши беморро муоина карда, ташхиси хун, моъеи зардобгин ва рентгени устухонҳои чаккаиро таъин мекунад. Инчунин томографи компютерии гӯши бемор низ дар ташхиси отит муфид аст.

Табобати отит ба навъи ин беморӣ вобаста аст. Отит метавонад шадид ва музмин бошад. Табобат бо роҳи дорӯи амалӣ мегардад. Гӯш ба василаи маҳлули зиддиуфунӣ шуста мешавад. Дар баъзе маворид мудохилаи пархошгарона — поротсентез ё сӯрох кардани пардаи гӯш тавсия мешавад.

Ҳангоми дарди гӯш ба ҳеҷ ваҷҳ гӯшро гарм накунед, зеро ба ин васила раванди илтиҳобиро суръат мебахшед ва сироят боз бештар паҳн мегардад. Муоинаҳои гармкунӣ танҳо баъди бартараф кардани раванди шидиди илтиҳобӣ ва табобати зиддибоктерӣ тавсия мешаванд . Дар фасли гармо кӯшиш кунед худ ва кӯдаконатонро аз саромхӯрдагӣ, оббозии тӯлонӣ дар оби сард ва нишастан зери кондитсионер ҳифз намоед. Ба ин васила хатари гирифтор шудан ба отитро дар тобистон, барои худ ва кӯдаконатон поин мебаред
Нозим Шодиев.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ