Киштии кайҳонии амрикоии Crew Dragon ба Замин бармегардад

Киштии кайҳонии амрикоии Crew Dragon ба Замин бармегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Киштии кайҳонии амрикоии Crew аз Истгоҳи байналмилалии фазоӣ ҷудо шуд ва роҳи Заминро гирифт. Дар сойти расмии Идораи миллии фазонавардӣ ва пажӯҳиши фазоии ИМА – NASA бозгашти киштии кайҳонӣ мустақиман пахш мешавад.
Дар дохили киштӣ ду нафар фазонавард – Даглас Хёрли ва Роберт Бенкен ҳастанд. Киштии кайҳонии Crew Dragon аз Истгоҳи байналмилалии фазоӣ ба вақти Маскав рӯзи 1 август дар соати 02.35 ба сурати автоматик ҷудо шуд.
Фазонавардҳо тақрибан баъди 19 соат дар Замин фурӯд меоянд. Бино ба ҳисоби мутахассисон, киштии кайҳонӣ имрӯз ба вақти Маскав дар соати 21.42 дар уқёнуси Атлантика, дар соҳили иёлати Флорида фурӯд меояд. Ҷойи дақиқи фурӯди киштӣ бо назардошти обу ҳаво муайян хоҳад шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ