Дар Юнонистон нахустин музейи зериобӣ боз шуд


Дар наздикии ҷазираи Алонисоси Юнонистон нахустин музейи зериобии киштиҳои ғарқшуда боз шуд. Ин музей “Парфенони киштиҳои ғарқшуда” ном дорад. Осори ин музей кӯзаҳои қадимии юнонӣ аст, ки аз як киштии қадимии ғарқшуда гирифта шудааст. Кӯзаҳо дар умқи беш аз 20 метр ба намоиш гузошта шудаанд.
“Дар”-и музей аз 3 август то 2 октябр барои тамошобинон боз аст. Касоне, ки наметавонанд зери об шино кунанд, дар маркази ахбороти Алонисос аксҳои осори музейро тамошо карда метавонанд.
Киштии ғарқшуда тақрибан дар соли 425-и пеш аз мелод аз нимҷазираи Халкидикии шимоли Юнонистон ба ҷазираи Скопелос ҳазорон кӯзаро интиқол медод. Аммо тӯфони баҳр ӯро ғарқ кард. Моҳигирони юнонистонӣ соли 1985 ин киштиро дар зери об пайдо карданд.
Ба гуфтаи мтахассисон, киштӣ яке аз бузургтарин киштиҳои замони худ буда, ҳангоми ғарқ шудани ҳамаи кӯзаҳо осеб дидаанд. Вале мутахассисон ин кӯзаҳоро таъмир карданд.
Ҳукумати Юнонистон мехоҳад боз 4 музейи зериобиро таъсис диҳад. Ҳадаф аз он ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва пур кардани будҷаи зарардидаи бахши сайёҳӣ аз пандемия аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ