Кӯмаки моддӣ холисона тақсим карда намешавад

Кӯмаки моддӣ холисона тақсим карда намешавад

Мақолачае, бо сарлавҳаи «Имтиёзи акахонӣ дода мешавад», ки Дилмурод Ҳамедов дар Фейсбук гузоштааст, бо иштироки намояндагони ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой, шӯъбаи дастгирии оила ва маҳалла, вакилони Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Талдираззоқ омӯхта шуд.
Дар мақола гуфта мешавад, ки тақсими кӯмаки моддии 1 миллион сӯмина, ки ба оилаҳои камбизоат ҷудо карда шудааст, меъёрҳои адолатро вайрон кардаанд. Аз ҷумла, «Талдираззоқ ва як қатор маҳаллаҳои дигари ноҳияи Ҷомбой ба оилаҳои камбизоат не балки ба онҳое, ки соҳиби 7 хол замин, сабукрави шахсии «Нексия» ва сиҳатманд дода шудааст.
Ин далелҳо дар ҷараёни омӯзиш тасдиқ нашуданд.
Ба 10 нафар шаҳрванди маҳаллаи Талдираззоқ аз хазинаи мубориза бар зидди бӯҳронӣ дар ҳаҷми 1 миллион сӯм кӯмаки моддӣ дода шудааст. Бояд қайд кард, ки 4 нафари онҳо сахт бемор мебошанд. Дар ду хонадони дигар кӯдакони ногиро ба воя мерасанд.Боз ду нафар зан бо сабаби доштани вазъияти душвори иҷтимоӣ ба ин рӯихат дароварда шудаанд.

  • Дуруст аст, ки оилаҳои ниёзманд бисёранд, аммо аз ҳама мушкилтаринашон интихоб карда шуданд, — гуфт ҷонишини раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Талдираззоқ Холида Шоназарова. — Ҳеҷ кадоме аз онҳо мошин надорад. 4 нафар шаҳрванди эҳтиёҷманд, ки кӯмаки моддӣ гирифтанд, солим ва кор мекунанд.
    Аммо ба назар гирифта шудааст, ки онҳо шахси нигоҳубинкунанда надоранд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад. Инчунин боз ду оила ҳастанд, ки фарзандонашон гирифтори бемориҳои сил ва дил мебошанд.
    Ҷиҳати дигар. Ҳанӯз маълум нест, ки Дилмурод Ҳамедов вақте гуфт, ки «Агар раиси маҳалла акахони шумо бошад, новобаста аз вазъият, ба шумо тамоми имтиёзҳо дода мешавад» чиро дар назар доштааст.
    Назар ба гуфтаи мутасаддиёни маҳалла хешовандони наздики муаллиф низ барои дохил шудан ба ин рӯйхат муроҷиат кардаанд. Ба онҳо мавҷудияти мошини шахсӣ, манзил, шароити зисте, ки ба меъёрҳои оилаи ниёзманд мувофиқат намекунад, рад карда шуд.
    Бояд гуфт, ки ҳеҷ яке аз даҳ нафаре, ки кӯмаки моддӣ гирифтанд, бо мансабдорони маҳалла алоқамандие надоранд.
    Халқи мо санҷиши вазнинро аз сар мегузаронад. Одамони саховатманд ба некӣ такя мекарданд. Намояндагони соҳаҳои гуногун намунаҳои фиодокорӣ нишон медиҳанд. Ҳамзамон, боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанони мо хабарҳои беасосро дар рӯҳияи нобоварӣ ба сиёсати адолати иҷтимоӣ, инсондӯстии кишвари мо паҳн мекунанд.
    Ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ