Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон беш аз 1,2 ҳазор нафар гирифтори COVID-19 шифо ёфтанд

Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон беш аз 1,2 ҳазор нафар гирифтори COVID-19 шифо ёфтанд


Бино ба хабари вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон, рӯзи гузашта 1208 нафар гирифтори коронавирус шифо ёфтанд, ки ин рекорди нави шабонарӯзӣ мебошад.
Дар кулл, шумори шифоёфтагон дар кишвар ба 16 507 нафар расид. Шифоёфтагон 64 дарсади мубталоёнро ташкил медиҳанд.
Шумори шифоёфтагон дар саросари кишвар:
678 нафар дар шаҳри Тошканд;
185 нафар дар вилояти Тошканд;
103 нафар дар вилояти Самарқанд;
102 нафар дар вилояти Қашқадарё;
50 нафар дар вилояти Бухоро;
35 нафар дар вилояти Андиҷон;
20 нафар дар вилояти Сурхондарё;
13 нафар дар вилояти Намангон;
11 нафар дар вилояти Сирдарё;
9 нафар дар вилояти Фарғона;
2 нафар дар вилояти Хоразм.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол ягон бор шумори шифоёфтагон дар як рӯз дар кишвар ба 1000 нафар ҳам нарасида буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ