Коронавирус дар ҷаҳон: Марҳилаи 18-миллионӣ низ “забт шуд”

Коронавирус дар ҷаҳон: Марҳилаи 18-миллионӣ низ “забт шуд”

  • Post category:Ҷаҳон


Дар саросари ҷаҳон шумори гирифторони коронавирус аз 18 миллион нафар бештар шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс имрӯз, 3 август хабар дод.
Бино ба додаҳои пажӯҳишгоҳ, ба вақти Маскав дар соати 06.00 шумори гирифторон дар ҷаон ба 18 002 567 нафар расид. Шумори қурбониёни вирус 688 351 нафар аст.
ИМА аз рӯи шумори мубталоёни коронавирус бо 4 666 027 мавриди гирифторӣ аввалин кишвари ҷаҳон аст. Бразилия бо 2 733 677 маврид ва Ҳиндустон бо 1 750 723 маврид гирифторӣ дар паллаҳои дувум ва савум қарор доранд. Русия бо 849 277 маврид гирифторӣ панҷумин кишвар аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ