Шифокори рус: Дасткашӣ аз пӯшидани ниқобӣ тиббӣ яке аз хатои калонтарини мардум дар замони пандемия мебошад

Шифокори рус: Дасткашӣ аз пӯшидани ниқобӣ тиббӣ яке аз хатои калонтарини мардум дар замони пандемия мебошад

Пизишки рус ду иштибоҳи ҷиддиро ном бурд, ки дар замони пандемия одамон онҳоро содир мекунанду вазъият ваҳимтар мешавад.
Дасткашӣ аз пӯшидани ниқобӣ тиббӣ яке аз мубрамтарин иштибоҳи мардум дар замони пандемия мебошад, изҳор дошт пизишки қалб Сергей Бойтсов дар мусоҳиба бо «Комсомолская правда».
Пизишк мегӯяд, новобаста аз лағви режими ниқоб, одамон бояд ба пӯшидани он идома медоданд, чунки ин як нишони эҳтиром ба худу атрофиён мебошад.
«Дар хотир доред: вақте ки ҳар ду иштирокчиёни раванди сироятёбӣ, яъне ҳам шахси сироятшуда, аммо ҳанӯз дар бораи он намедонад ва ҳам шахси солим ниқоб пӯшанд, пас танҳо бо ин роҳ аз паҳншавии маризӣ метавон ҷилавгирӣ кард», — гуфт коршинос.
Гузашта аз ин, Бойтсов ба худдавоии мардум таъкид намуда зикр кард, ки ин ҳолат бисёр хатарнок аст.
Чун ҳаргуна доруҳоро, ки бидуни тавсияи табибон истеъмол мекунанд, метавонад ба геморогический инсулт ва ё хунравӣ аз меъдаю рӯда оварда расонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ