Вазири Ҳиндустон гирифтори коронавирус шуд

Вазири Ҳиндустон гирифтори коронавирус шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Амит Шоҳ, вазири корҳои дохилии Ҳиндустон мубталои коронавирус шуд. Амит Шоҳ дар ин бора дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.
Ӯ гуфт, “Баъди маълум шудани нишонаҳо, ман тест супурдам, ки натиҷаи он мусбӣ буд”.
Ҳоло вазир дар бемористон аст. Ӯ нафаронеро, ки бо ӯ мулоқот кардаанд ба тестсупорӣ даъват кард. Чанде пеш ҳунарпешаи машҳури ҳинд – Амитабх Баччан ва аҳли хонаводаи ӯ, аз ҷумла, писараш Абхишек Баччан ва ҳамсари ӯ Аишвария Рай низ гирифтори COVID-19 шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 1 750 нафар мубталои коронавирус шудаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ