Сатҳи бекорӣ дар Ӯзбекистон дар нимаи аввали сол 13,2 дарсад буд


Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ сатҳи бекорӣ дар Ӯзбекистсон 13,2 дарсад буд.
Маркази илмии ҳифзи шуғли аҳолӣ ва кори ҷумҳурии вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон дар моҳи июн бо услубе, ки бар асоси пешниҳодҳои Созмони байналмилалии кор таҳия шудааст, дар 101 шаҳру ноҳияи кишвар назарпурсии иҷтимоӣ баргузор кард. Дар ин назарпурсӣ 490 ниҳоди худидоракунии шаҳрвандон, 4,9 ҳазор хонавода ва 25,9 ҳазор шаҳрванд иштирок карданд.
Бино ба хабари вазорат, маҳдудияту карантин, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуд, ба бозори кор таъсири чашмгир расонд.
Назарпурсӣ нишон дод, ки сатҳи бекорӣ дар миёни аҳолӣ 13,2 дарсад аст. Дар нимаи аввали соли гузашта сатҳи бекорӣ 9,1 дарсад буд. Шумори ниёзмандон ба кор 1, 9 миллион нафар аст. Аз ҷумла, бекорӣ дар миёни ҷавонони 16-30 сола 20,1 дарсад ва дар миёни занон 17,4 дарсад аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ