Дар Қазоқистон эмгузаронӣ аз COVID — 19 оғоз гардид

Дар Қазоқистон эмгузаронӣ аз COVID — 19 оғоз гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID — 19 эмгузаронӣ кард. 
Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid — 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.
Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.
«Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад», — гуфт Табинов.
Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.
Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.
Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ