Леонид Рошал: COVID — 19 омодагӣ барои ҷанги биологӣ аст

Президенти Донишкадаи пажӯҳиши илмии ҷарроҳии кӯдакона ва шикастабандӣ, доктори илмҳои тибб Леонид Рошал ҳамагирии COVID — 19 — ро бо омодагӣ барои ҷанги биологӣ муқоиса кард.
Рошал қайд кард, ки на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои мубориза бо вабо омода буданд.
 кард, ки вирус ҳудуд намешиносад ва миқёси эпидемияро пешгӯӣ карда намешавад, аз ҷумла ба сабаби рафтори мардум ва риоя нашудани қоидаҳо.
«Вақте ман ин ҳодисаро таҳлил мекунам, мефаҳмам, ки ин омодагӣ барои ҷанги биологӣ аст. Ман намегӯям, ки ин вирус дастсохт аст: барои чунин изҳорот асоси кофӣ нест, зиёда аз ин ман вирусшинос нестам. Вале ин сашҷиши соҳаи тибб ва ҳифзи биологии кишвар аст», — қайд кард Рошал.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ