Дар Олмон сагҳоро ба муборизаи зидди коронавирус ҷалб мекунанд


Олимон ҳанӯз дар фасли баҳор кашф карда буданд, ки сагҳо метавонанд дар миёни одамон гирифторони коронавирусро мушаххас кунанд. Онҳо бӯи коронавирусро фарқ карда метавонанд. Баъди ин кашфи олимон ҳоло бархе аз кишварҳо ба сурати ҷиддӣ имкони истифодаи сагҳоро дар мубориза бо коронавирус меомӯзанд.
Сагпарварони низомии шаҳри Ганновери Олмон кашф карданд, ки сагҳо бӯи коронавирусро 94 дарсад дақиқ мефаҳманд. Дақиқан чӣ тавр ба сагҳо маълум шудани бӯи коронавирус ҳанӯз маълум нест. Баъзе тестҳо нишон медиҳанд, ки дақиқии маълум шудани коронавирус ба сагҳо ҳатто болотар аз 94 дарсад аст.
Акнун мутахассисон дар бораи истифодаи сагҳо дар фурӯдгоҳ ва истгоҳҳо фикр мекунанд. Чи тавре, ки сагҳо барои кашфи маводди мухаддир (наркотик) кумак медиҳанд, метавонанд ба кашфи коронавирус низ кумак диҳанд. Вале, як саволи муҳим ҳанӯз ҷавоби худро наёфтааст: Ин “ёрӣ”-и сагҳо ба худи онҳо ва системаи иммуни онҳо чӣ андоза хатарнок аст? Зеро, қаблан сирояти коронавирус аз одам ба ҳайвонҳо, аз ҷумла, сагҳо чандин бор сабт шуда буд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ