Ёрии навбатии инсондӯстонаи Ӯзбекистон ба Қирғизистон

Ёрии навбатии инсондӯстонаи Ӯзбекистон ба Қирғизистон

  • Post category:Ҷаҳон


Ӯзбекистон ба Қирғизистон ба арзиши 560 ҳазор доллар ёрии инсондӯстона фиристод. Дар ин бора “Кабар” ба нақл аз Замирбек Аскаров, вазири вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон хабар дод.
Ёрии инсондӯстона аз 2 ҳазор тонна орд, 9,5 ҳазор дона пӯшоки тиббӣ, 12 ҳазор дона ниқоб, 25 ҳазор дона дастпӯш, 500 айнаки тиббӣ, 200 дона пирометр ва 45 тонна хлор иборат аст.
Гуфта мешавад, ки созмонҳои ҷаҳонӣ низ ба Қирғизистон ба арзиши 9 миллион сом ёрии инсондӯстона фиристодаанд. Ин ёриҳои инсондӯстона дар миёни минтақаҳо ва ниҳодҳои тиббӣ тақсим шудааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ