Танзила Норбоева: Минбаъд чораҳои карантинӣ зина ба зина бекор карда мешавад

Танзила Норбоева: Минбаъд чораҳои карантинӣ зина ба зина бекор карда мешавад


Имрӯз, 7-уми август, дар Тошканд ҷамъомади шашуми Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон кори худро оғоз кард.
Пеш аз қисми расмии ҷамъомади сенат, як дақиқаи хомӯшӣ дар ёди Мусо Тажетдинович Эрниязов ва дигар ҳамватанони аз бемории коронавирус вафоткарда эълон гардид.

Раиси ҷамъомади Сенат Танзила Норбоева ҷамъомадро кушода, дар бораи пандемияи коронавирус сухан гуфт.

  • Ҳоло тамоми халқҳои ҷаҳон давраи душвореро аз сар мегузаронанд. Ягон давлат, ҳатто давлати пуриқтидор низ ба чунин ҳолат омода набуд. Пандемияи коронавирус барои одамон, соҳаҳо ва системаҳо санҷиши ҷиддӣ мебошад.
    Умуман, имрӯз мо равандҳои кории ғайримуқаррарӣ ва тарзи зиндагии ғайримуқаррариро аз сар гузаронида истодаем.
    Дар ҷараёни истодагарӣ аз санҷиши воқеӣ ба як чиз эътимоди моро бештар пайдо мекунад, ки Ӯзбекистон заминаи мустаҳками иқтисодӣ ва сиёсиро ба вуҷуд овардааст, ки барои рафъи ҳолатҳои душвор бидуни талафоти бузург кӯмак мекунад — гуфт Танзила Норбаева.
    Раиси Сенат ҳангоми баромад аз хотима ёфтани пандемия ва зина ба зина бекор карда шудани чораҳои карантинӣ сухан гуфт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ