Мубоизаи ҷиддии Трамп бо TikTok Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико ду фармони навро имзо кард

Мубоизаи ҷиддии Трамп бо TikTok Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико ду фармони навро имзо кард

  • Post category:Ҷаҳон

Яке аз онҳо “Дар бораи мубориза бо таҳдиди TikTok» ва дувумӣ «Дар бораи мубориза бо таҳдиди WeChat» аст. Дар ин бора маркази матбуотии Кохи Сафед хабар дод.
Доналд Трамп дар ин ду фармон ба ширкату муассисаҳои амрикоӣ 45 рӯз медиҳад, то онҳо дар ин муддат бо соҳибони TikTok ва WeChat ҳамагуна муомилотро қатъ кунанд.
Дар фармонҳо омадааст, ки ин ду шабакаи иҷтимоии чинӣ ба амният, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди ИМА таҳдид мекунанд. Гуфта мешавад, ки TikTok ва WeChat маълумотҳои шахсии корбаронро ҷамъоварӣ мекунанд ва метавонанд аз пинҳонӣ аз пайи онҳо бошанд.
Фармонҳои Трамп вақте имзо шуд, ки Microsoft бо ByteDance – ширкати соҳиби ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хариди комили TikTok музокира мекарданд. Аммо ширкати амрикоии Microsoft ин хабарро тасдиқ накардааст.
Чанде пеш Сенати Конгресси ИМА барои қабули лоиҳаи қонуне, ки ба кормандони давлатӣ истифодаи TikTok-ро дар ноутбуку смартфонҳои кориро манъ мекунад, овоз дода буданд.
Трамп чанде пеш гуфта буд, ки агар Microsoft, ё дигар ширкати амрикоӣ TikTok-ро харид накунад, фаъоиляти ин шабакаи иҷтимоӣ аз 15 сентябр дар ИМА қатъ мегардад. Гуфта мешавад, ки Microsoft омода аст, TikTok-ро ба нархи 10-30 миллиард доллар харид кунад.
Манбаъ: Коммерсант

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ