Билл Гейт балои бадтар аз коронавирусро ба ёд овард

Билл Гейт балои бадтар аз коронавирусро ба ёд овард

  • Post category:Ҷаҳон


Ба назари Билл Гейтс, асосгузор ва раиси собиқи ширкати Microsoft дар ҷаҳон муаммои ҷиддитар аз пандемияи коронавирус вуҷуд дорад.
Гейтс гуфт, “То даме, ки бо тағйири иқлим машғул намегардем, мубталошавӣ ба вирусҳои гуногун идома хоҳад ёфт”.
Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, ки шумори осебдидагон аз офатҳои табиӣ нисбат ба мубталоёни коронавируси нав хеле бештар гардад.
Асосгузори Microsoft афзуд, “Агар хоҳиши донистани таъсири тағйири иқлим ба инсониятро доред, пас вазъияти вобаста ба коронавируси ҷаҳонро 10 бор афзоиш диҳед ва тасаввур кунед.
Миллиардер роҳи ҳалли ин муамморо низ пешниҳод кард. Ӯ гуфт, ки ҳукумат ва олимон пеш аз ҳама ҳаҷми гази углекислородро, ки ба атмосфера меравад, кам кунанд. Амрико баъди Чин дувумин кишвари ҷаҳон аст, ки атмосфераро бо гази углекислород заҳролуд мекунад. Ҳамасола 5,5 тонна гази углекислород ба атмосфера меравад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ