Рӯзи 9 август видеоконфронси байналмилалӣ оид ба Ливан баргузор мешавад


Рӯзи 7 август видеоконфронси байналмилалӣ бобати масъалаҳои ёридиҳӣ ба Ливан баъди таркиш дар бандаргоҳи Бейрут баргузор мешавад. Дар ин бора Эрик Мамер, намояндаи расмии комиссияи Аврупо дар Брюссел хабар дод.
Ӯ гуфт, “Конфронси кишварҳои кумакдиҳанда ба Ливан рӯзи якшанбе дар шакли видеоӣ барпо мешавад”.
Ҳамчунин, Мамер гуфт, ки ташаббускори конфронс Фаронса аст ва ҳадаф аз он ҷамъоварии ёрии таъҷилӣ ба Ливан барои аз байн бурдани пайомадҳои таркиш дар бандаргоҳ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шумори қурбониён дар натиҷаи таркиш дар бандаргоҳи Бейрут ба 154 нафар расид.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ