Вазир дар бораи ҳолатҳое,ки ходимони корҳои дохилӣ қувва истифода мебаранд,эъзоҳ дод

Вазир дар бораи ҳолатҳое,ки ходимони корҳои дохилӣ қувва истифода мебаранд,эъзоҳ дод


.

Дар маҷлиси шашӯми умумии Сенати Олий Маҷлис вазири корҳои дохилӣ Пӯлод Бобоҷонов дар бораи фаъолияти худ ахбор дод.Вазир дар давоми он роҷеъ ба масъалаи ходимоне,ки дар сохтори корҳои дохилӣ нисбати шаҳрвандон қувва истифода мебаранд,мансаби худро сӯистифода мекунанд,ҳарф зад.

«Баъзе ходимони нопоке,ки ҳангоми фош кардани ҷиноят усули азобдиҳиро истифода мебаранд,дар сохтори мо ҳамон вомехӯранд.Дар ноҳияи Чироқчӣ ва шаҳри Андиҷон сабаби марги шаҳрвандон шудани истифодаи ин усул мушоҳида гардид.Ин ба муҳокимаи васеи халқ ва ташаккули фикри манфӣ нисбати сохтор сабаб шуд.Қаблан чунин ҳолатҳоро ВАО равшан намекарданд,ба аҳолӣ гуфта намешуд.Дар натиҷаи сиёсати шаффофи имрӯза чунин норасоиҳои сохтор ошкор мешаванд.Ходимонеро,ки бо чунин усул кор мекунанд,муайян карда, аз сохтор пеш мекунанд.Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон ходимони нозироти бехавфии вазорат 5 — то чунин ҳолатро муайян карда,маводҳои заруриро барои дидани чора ба прокуратура фиристоданд.Фаъолияти 822 нафар ходим баррасӣ гардида,173 нафари онҳоро аз кор пеш кардем,114 нафар аз вазифа сабукдӯш карда шуданд,65 нафар роҳбарро ротатсия карда,ба вазифаи дигар гузаронданд,» — гуфт вай.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ