“Санэпидемистанция” дар даври пандемия 172 ҳазор долларро ғорат кард


Кормандони хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон аз оғози пандемия то ба имрӯз 1,75 миллиард сӯмро (172 ҳазор доллар) ғорат карданд. Дар ин бора Танзила Норбоева, раиси Сенати Ӯзбекистон дар ҷаласаи имрӯзаи порлумонӣ маълум кард.
“Ғоратгарон” кормандони хадамот дар вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ ва Намангон буданд. Норбоева гуфт, ки оҷонзи мубориза бо фасод (коррупсия) ин ҳолатро тафтиш кунад ва барои аз байн бурдани фасод пешниҳоди худро тақдим кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ