Эҳтимолан имсол коронавирус баъзе довталабонро аз донишҷӯ шудан маҳрум мекунад

Эҳтимолан имсол коронавирус баъзе довталабонро аз донишҷӯ шудан маҳрум мекунад


Имсол касе аз довталабоне, ки мубталои коронавирус шуда бошад, наметавонад дар имтиҳони дохилшавӣ (тест) ба донишгоҳ иштирок кунад. Яъне, агар довталаб ҳангоми тести донишгоҳ бемории COVID-19 дошта бошад, имсол наметавонад донишҷӯ шавад. Дар ин бора Сардор Раҷабов, муъовини мудири маркази тести давлатӣ маълум кард.
Агар довталаб вақти имтиҳон таб дошта бошад, шифокорон ҳолати ӯро муайян мекунанд. Агар, довталаб мубталои коронавирус набошад, ӯ баъди тест дар имтиҳони ҷудогона иштирок карда метавонад. Агар довталаб мубталои коронавирус бошад, имсол ӯ наметавонад дар имтиҳони дохилшавӣ иштирок кунад. Агар довталаб қаблан мубталои коронавирус шуда бошад, бояд дар бораи муолиҷа шуда буданаш маълумотнома тақдим кунад.
Ҳоло масъалаи бозгардондани пули имтиҳони довталабоне, ки наметавонанд ба далели бемории COVID-19 дар тест иштирок кунанд, баррасӣ мегардад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ