19 нафар ба гумони ҳамдастӣ дар таркиши Бейрут боздошт шуданд


Ҳамагӣ 19 нафар ба гумони ҳамдастӣ дар таркиши Бейрут боздошт шуданд. Дар ин бора LBCI хабар дод.
Пулис ҳоло маъмурони бандаргоҳи Бейрутро бозпурсӣ (тергов) мекунад. Дар зимн, ҳукумати Ливан бар зидди Шафиқ Мерхӣ, сармудири хадамоти гумруки кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Ҳамчунин, баргузории тафтиши байналмилалии фоҷеаи 4 август низ эҳтимол дорад.
Ҳукумати Ливан рӯзи гузашта дар бораи боздошти 16 нафар, аз ҷумла, Шафиқ Мерхӣ хабар дода буд. Имрӯз 3 нафари дигар боздошт шуданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ