Оё дар оянда ба ҷои гӯшт малах мехӯрем?

Оё дар оянда ба ҷои гӯшт малах мехӯрем?

  • Post category:Саломатӣ


Дрор Тамир, асосгузор ва сармудири ширкати исроилии Hargol FoodTech чунин мешуморад, ки малах дар оянда дар саросари ҷаҳон хӯроки серистеъмоли одамон мешавад. Ӯ бовар дорад, ки то соли 2050 аҳолии замин ба 10 миллиард мерасад ва эҳтиёҷ ба сафеда (протеин) якбора зиёд хоҳад мегардад.
Дрор Тамир мегӯяд, “Дар даҳсолаҳои оянда талаби ҷаҳонӣ ба сафеда ду баробар афзоиш меёбад. Ин дар ҳолест, ки манбаъи асосии сафеда – соҳаи чорводорӣ қариб ба ҳадди рушди худ расидааст. Парвариши густурдаи гову гӯсфанд ба муҳити зист зарар мерасонад, сабаби паҳншавии гази гармхонаҳо мешавад ва манбаъи бузурги обу киштзор тақозо мекунад. Аз тарафи дигар сафедаи растаниҳо пардозиши (переработка) зиёд мехоҳад ва бисёр фоиданок ҳам нест”.
“Парвариши малахҳо дар қуттиҳои махсус бо назорати микроиқлими дохили он 3 моҳ вақт мегирад ва сарфу харҷи он хеле камтар аз парвариши чорво аст. Баъдан малахҳоро ях мекунонанд ва дар ҳамон ҳолат мепазанд, ё онро ба хока табдил медиҳанд.”
Ба гуфтаи Тамир, “Барои ворид кардани маҳсулот ба бозори Амрикои Шимолӣ ва Аврупо мо бояд эҳсоси нохушии муштариёнро аз байн бибарем. Маҳз барои ҳамин мо малахро ба хока табдил медиҳем ва баъд ба қатори хӯроквориҳо илова мекунем”.
Арзиши “биодобавка”-е, ки аз малах тайёр мешавад, болотар аз гӯшт аст. Малах беш аз 70 дарсад “маҳсул”-и сафеда аст ва ҳамагуна аминокислотаҳову дигар моддаҳои ғизоиро дорад. Он махсусан ба одамоне, ки бемории атеросклероз ва фишори хун (гипертония) доранд, хеле фоиданок аст, зеро холестерин надорад.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ