СММ: Дар семоҳаи аввали соли 2020 шумораи сомонаҳои қалбакӣ 350% афзоиш ёфтааст

СММ: Дар семоҳаи аввали соли 2020 шумораи сомонаҳои қалбакӣ 350% афзоиш ёфтааст

  • Post category:Ҷаҳон

 Фурӯши ғайриқонунии силоҳ, яроқ ва таҷҳизоти сабуки низомӣ, сохтакории аснод, рабудани одамон бо мақсади гирифтани пули гарав, дуздии мошинҳо, истихроҷи ҷиноии  маъданҳо ва қочоқи маводи мухаддир. Ташкилоти террористӣ ва ҷиноӣ дар ин ва дигар ваҳшониятҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Дар заминаи пандемияи COVID-19 ин ҳамкории хатарнок шиддати бештар ёфтааст.
Тавре  хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши Дабири кулли СММ омадааст — санад дирӯз, 6 август, ба аъзои Шӯрои Амният, аз ҷониби муовини дабир ва роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков пешниҳод шуд.
«Террористҳо аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир, фурӯши сарватҳои табиӣ ва ашёи қадимӣ, инчунин одамрабоӣ барои гирифтани гаравпулӣ, тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо маблағҳои зиёд ба даст меоранд», — гуфт ӯ.
Дар суханронии худ Владимир Воронков натиҷаҳои Ҳафтаи виртуалии зиддитеррористиро ҷамъбаст кард, ки дар он намояндагони 134 давлат, 88 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 40 ҷузъу томи СММ ширкат варзиданд. «Ҳафтаи виртуалии зиддитеррористӣ ба ҳифзи таҳарруке, ки мо дар тӯли як соли охир тавассути як қатор конфронсҳои сатҳи баланд дар мавзӯъҳои калидии мубориза бо терроризм ба вуҷуд оварда будем, кумак кард», — гуфт муовини Дабири кулли СММ.
Муовини Дабири кулл таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Амниятро ба афзоиши назарраси ҷиноятҳои кибернетӣ дар моҳҳои охир дар ҷаҳон ҷалб кард. Ба гуфтаи вай, дар семоҳаи аввали соли 2020 шумораи сомонаҳои қалбакӣ 350% афзоиш ёфтааст. «Бисёре аз ҳамлаҳои рақамӣ алайҳи беморхонаҳо ва системаҳои тиббӣ равона шудаанд, ки кори ҳаётан муҳими мубориза бо пандемияро душвортар кардааст», — гуфт Владимир Воронков.
Ба гуфтаи роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ, террористон мушкилоти иқтисодии вобаста ба пандемияи COVID-19 -ро барои паҳн кардани тарсу ҳарос, нафрат ва тафриқаандозӣ дар ҷомеа, радикалӣ кунонидани шаҳрвандон ва ҷалби пайравони нав истифода мекунанд.
Владимир Воронков зикр кард, ки «истифодаи афзояндаи Интернет ва афзоиши ҷиноятҳои кибернетӣ ҳангоми пандемия мушкилотро боз ҳам душвортар мекунанд. Ба мо мо зарур аст, ки таъсир ва оқибатҳои пандемияро ба сулҳу амнияти ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои ҷинояткории муташаккил ва терроризм пурра дарк намоем. Вале, аллакай маълум аст, ки пандемия метавонад катализатори паҳншавии терроризм ва экстремизм гардад, нобаробариро амиқтар кунад, ваҳдати иҷтимоии ҷомеаро барҳам занад ва низоъҳои маҳаллиро фурӯзон созад».
«Мо бояд ба таври хастагинопазир муборизаро алайҳи гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои ҷиноӣ идома диҳем», — гуфт Дабири кулли СММ, «имкон надиҳем, ки онҳо буҳрони ҷаҳонии вобаста ба тавсеаи COVID-19 -ро бо мақсадҳои худ истифода намоянд. Фаъолиятҳои дастаҷамъона ва ҳамкории байналмилалӣ ҳоло аз ҳарвақта дида зарурати бештар доранд».
Владимир Воронков изҳори итминон кард, ки соли оянда Ҳафтаи байналмилалии зиддитеррористӣ на дар шакли виртуалӣ, балки рӯ ба рӯ доир шавад, то барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни иштирокчиёни мубоҳиса мусоидат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ