Блогер ду соат хумӯш нишасту 2,5 млн нафар ӯро тамошо кард

Блогер ду соат хумӯш нишасту 2,5 млн нафар ӯро тамошо кард

  • Post category:Ҷаҳон

Дидит як блогер аз Индонезия пас аз он ки видеои ӯ дар тӯли ду соат ҳеҷ коре накарда 2,5 млн тамошобин гирифт, тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат овард.
Пеш аз ин навор ҷавон якчанд маротиба кӯшиш кард, ки дар Интернет машҳур шавад ва ҳатто барои шуҳрат дар як навораш собунро истеъмол мекунад. Бо ин ҳама кӯшиш ӯ наметавонист муваффақ гардад ва ҳар дафъа наворҳояшро ҳамагӣ чанд ҳазор тамошобин медиду халос.
Билохир Дидит қарор дод, ки тактикаро тағир диҳад ва ба ҳамин хотир ӯ қарор дод дар навори охираш танҳо нишаста амалеро нишон намедиҳад.
Дар видеои нав, ки 2,5 миллион тамошобинро ҷамъ кардааст, Дидит дар кат нишаста, ба девор менигарад. Он чизе ки дида шуд, корбарони Интернетро бепарво гузошт. Баъзе истифодабарандагон нисбати блогер, ки намуди зоҳирии ӯ онҳоро метарсонд, изҳори нигаронӣ мекарданд. Баъзеи дигар корашро бемантиқ гуфта таҳқир мекардан.
Худи блогер шарҳ додааст, ки қаблан ӯро барои бефоида будани видеоҳояш таҳқир мекарданд, ба ҳамин хотир вай дар мавриди чикор карданаш хомӯшона андеша мекард: “Ман тули ду соат рӯ ба рӯи дурбин нишаста дар бораи чи кор карданам меандешидам ва ҳеҷ интизор надоштам, ки ин навар чунин тамошобини зиёдро ҷамъ меорад” афзудааст Дидит.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ