Одилҷон Иминов раиси кумитаи Сенат шуд

Одилҷон Иминов раиси кумитаи Сенат шуд


Дар шашумин ҷаласаи Сенати Олий Маҷлис, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, Одилҷон Иминов раиси кумитаи масъалаҳои фан, таълим ва ҳифзи тандурустӣ интихоб шуд.
Робахон Маҳмудова, раиси собиқи ин кумита чанде пештар нахустмуовини раиси додгоҳи (суд) олии ҷумҳурӣ таъин шуда буд.
Сенаторҳо дар ин ҷаласа Одилҷон Иминовро, ки қаблан муовини раиси кумитаи масъалаҳои будҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ буд, ба раиси кумитаи масъалаҳои фан, таълим ва ҳифзи тандурустӣ интихоб карданд.
Одилҷон Каримов профессор аст. Фаъолияти ӯ дар Сенат, махсусан дар кумитаҳои масъалаҳои будҷаи иқтисодиву ислоҳоти иқтисодӣ, хоҷагии об ва экология пурмаҳсул буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ