ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ ШАШУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

7 августи соли 2020 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии шашуми  Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар кори ҷамъомад, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор гардид, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Ба ҷамъомад Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева раисӣ кард.
Дар ҷамъомади умумӣ аъзои палатаи болоии парлумон 16 масъала, аз ҷумла 8 қонунро баррасӣ карданд. Ҷамъомади умумӣ тавассути веб-сомонаи расмии Сенат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва канали «Uzreport» мустақиман пахш карда шуд.
Пеш аз гузаштан ба қисми расмии ҷамъомади умумӣ ба ёди писари шуҷоатманди халқи Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон, арбоби машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Ӯзбекистон, Раиси Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, сенатор Мусо Тажетдинович Эрниязов як дақиқа сукут ба амал оварда шуд.
Масъалаи якуми муҳокима дар доираи рӯзнома Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» буд.
Таъкид гардид, ки Қонун «Дар бораи таълим» соли 1997 қабул шуда, дар айни ҳол ба талаботи имрӯза ҷиҳати таъмини сифати таълим ҷавобгӯ нест. Бо қабули таҳрири нави Қонуни мазкур робитаи ногусастании масъалаҳои таълим бо тарбия таъмин карда мешавад. 
Илова бар ин, ба масъалаи таълим ва тарбияи томактабӣ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, ба таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, инчунин дар амал васеъ истифода бурдани намуди таълими беист, ки ба тайёр кардани кӯдакон барои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронида шудааст, аҳамияти устувор дода мешавад.
Баробари ин, ба таъмини пайдарпайӣ, муттасилии мантиқии мундариҷаи таълим, аз низоми таълими томактабӣ, миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус, олӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, таълими беруназмактабӣ сар карда диққати махсус дода мешавад.
Ғайр аз он, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, касбӣ ва мактабҳои касбу ҳунар дар заминаи хатмкунандагони синфи нӯҳ дар шакли таълими бепули рӯзона дар асоси барномаҳои дусолаи ҳамгироии таҳсилоти умумӣ ва фанҳои ихтисосӣ амалӣ намудани таълим муайян шудааст.
Дар Қонун ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти кормандони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва падару модарон, ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни ҷараёни таълим, мақоми ҳуқуқии ҳазорон мутахассисон, ки дар ҷараёни таълим меҳнат мекунанд, миллионҳо падару модарон, ҷанбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ,  ӯҳдадориҳои онҳо равшанӣ андохта мешавад.
Ҳоло қонун ба рушди шаклҳои ғайридавлатии таълим, истифодаи самараноки потенсиали моликияти зеҳнӣ дар ҷомеаи мо, васеъ намудани ҷойҳои корӣ аз рӯи самтҳои илм ва маърифат имкон медиҳад.
Дар рафти ҷамъомад сенаторон қайд карданд, ки таҳрири нави Қонун дар самти равшании ҳуқуқӣ андохтан ба масъалаҳои зиёди шаҳрвандони мо вобаста ба таълими олӣ, эътирофи дипломҳои бинобар маълумот гирифташуда, кафолати ҷойи истиқомати муваққатии донишҷӯён, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти оилавӣ, таҳсилоти фарогир муҳим аст.
Сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим»-ро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон масъалаи навбатии рӯзномаи ҷамъомади умумии шашуми палатаи болоии парлумон — Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ»-ро муҳокима карданд.
Қайд карда шуд, ки дар Қонуни мазкур талаботи таъсири бевосита дар сатҳи паст қарор дорад. Дар шароити муносибатҳои бозаргонии имрӯза Қонун меъёр ва қоидаҳои бесамар ва кӯҳна дорад. Хусусан хидматҳое, ки мақомоти меҳнатӣ мерасонанд, аз ҷониби якчанд санадҳои меъёрии зерқонунӣ танзим карда мешаванд.
Илова бар ин, механизми фармоиши давлатӣ оид ба созмон додани ҷойҳои нави корӣ, омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос нишон дода нашудааст. Вобаста ба ин, зарурати танзими қонунии  муносибатҳои нави марбут ба таъмини шуғл, муҳофизат аз бекорӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ пайдо мешавад.
Таҳрири нави Қонун «Дар бораи шуғли аҳолӣ» ба танзими фаъолият дар ин самт хидмат мекунад.
Баробари ин, Қонун ҳангоми таъмини шуғли аҳолӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои замонавии касбӣ ва меҳнат, инчунин танзим ва такмили механизмҳои музди меҳнат дастуруламал хоҳад шуд.
Қонун бори аввал самтҳои самарабахш в

а пешомадноки шуғл — низоми миллии рушди ихтисоси касб ва салоҳият, системаи ягонаи миллии меҳнатро, ки сабти электронии дафтарчаҳои меҳнатӣ ва шартномаҳоро пешбинӣ мекунад, ҷорӣ менамояд.
Татбиқи онҳо шарти зарурии таъмини шуғл мебошад ва имкон медиҳад, ки дар бораи бозори меҳнат маълумоти пурра ҷамъоварӣ ва дастрас карда шавад. Дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ин ба андешидани чораҳои муҳим мусоидат хоҳад кард.
Қабули қонун ба дараҷаи сифатан нав бардоштани бозори меҳнат ва шуғл, фароҳам овардани омили ҳавасмандкунанда барои баланд бардоштани сифати қувваи кории миллӣ, васеъ намудани имкониятҳои бо кор таъмин кардани шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, дастгирии молиявӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолнокии иҷтимоии бекорон мусоидат менамояд.
Инчунин, қабули Қонун имкониятҳои фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва муҳити институтсионалӣ дар бозори меҳнат, тавсеаи ҳаҷми хидматрасониҳои мақомоти меҳнат, тақвияти ташаббусҳои соҳибкорӣ ва таъмини худкории шаҳрвандонро васеъ мегардонад.
Сенаторон қонунро қабул карданд.
Дар маркази эътибори сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи мубориза ба муқобили савдои одам” дар таҳрири нав сурат гирифт.
Қайд гардид, ки зарурати коркарди таҳрири нави Қонун ба он вобаста аст, ки имрӯз муқаррароти мушаххас оид ба масъалаҳои ҳимоя ва кӯмак ба қурбониёни савдои одам ба танзим дароварда нашудаанд, хусусиятҳои мубориза бо савдои ноболиғон, мақоми ҳуқуқии идентификатсия, расондани кӯмак ва ҳимояи қурбониёни савдои одам муайян карда нашудааст.
Дар таҳрири нави Қонун маҳз ба ин ҷанбаҳо диққат дода шудааст. Дар он мафҳумҳо ва принсипҳои асосии ин соҳа, меъёрҳои танзими давлатии он, инчунин меъёрҳои марбут ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, Комиссияи миллӣ, комиссияҳои ҳудудӣ ва Маърӯзачии миллӣ ба таври возеҳ муайян карда шудаанд.
Маълум аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 9 ҳазор созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунанд, ки тақрибан 100-тои онҳо дар самти мубориза бо савдои одам кор мекунанд. Қонун инчунин ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратиро ҳамчун созмоне муайян менамояд, ки ба мақомоти давлатии дар ин самт фаъолиятдошта кӯмак мерасонад, ваколат ва вазифаҳои онҳоро ба таври возеҳ ифода мекунад.
Баробари ин, дар муқоиса аз Қонуни дарамал  дар таҳрири нав тартиби барқароркунии иҷтимоӣ ва мутобиқгардонии қурбониёни савдои одам, чораҳо оид ба таъмини махфияти маълумот дар бораи қурбониёни савдои одам ва бехатарии онҳо ифода шудаанд.
Ғайр аз он, боби ҷудогона мафҳумҳои идентификатсия ва ба самти дигар равона намудани қурбониёни савдои одамро, ки қаблан дар қонунгузории миллӣ вуҷуд надошт, муайян мекунад.
Қабули қонун барои ҳифзи кафолатноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандоне, ки қурбонии савдои одамон шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Аъзои сенат Қонуни мазкурро қабул карданд.
Сипас аъзои палатаи болоии парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сохтори маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд.
Аҳамияти Қонун бо он муайян карда мешавад, ки он барои танзими муносибатҳо дар соҳаи сохтори маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хидмат менамояд.
Қабули Қонуни мазкур бо як қатор сабабҳои объективӣ алоқаманд аст. Ҳамин тавр, Қонуни амалкунандаи «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои таркибии маъмурию ҳудудӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки соли 1996 қабул шудааст, наметавонад ҳалли муназзами масъалаҳои таркиби маъмурию ҳудудиро дар кишвар таъмин намояд. Ғайр аз ин, тартиби зина ба зина қабул кардани қарор  оид ба масъалаҳои дахлдор вуҷуд надорад.

Бар замми ин, тартиби баргузор намудани экспертизаи давлатии пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои сохтори маъмурию ҳудудӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия ва ба танзим дароварда нашудааст. Ин, дар навбати худ, барои қабули қарорҳо оид ба ин масъалаҳо бидуни таҳлили амиқ асос фароҳам меорад. Ваколатҳо ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора ба таври мушаххас муайян карда нашудаанд ва меъёрҳои таъсири мустақим вуҷуд надоранд.
Хусусияти дигар. Вақте ки Қонун қабул гардид, он аз 31 модда иборат буд, ки 15-тои он бо сабабҳои гуногун қувваи худро гум карданд.
Дар рафти мулоқот сенаторон қайд карданд, ки Қонуни нав аз Қонун «Д

ар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохтори маъмурию ҳудудӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо мавҷудияти як қатор қоидаҳои асосӣ фарқ мекунад.
Ҳамин тариқ, ваколат ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми қабули қарор оид ба масъалаҳои сохтори ҳудудӣ дақиқ муайян карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ механизмҳои гузаронидани экспертизаи давлатии пешниҳодҳо оид ба сохтори маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин таъсис ва ташкили фаъолияти комиссияҳои махсус оид ба ин масъалаҳо муайян карда шудаанд. Қонун инчунин механизмҳои риоя намудан ба қарорҳоеро, ки оид ба масъалаҳои сохтори маъмурию ҳудудӣ қабул шудаанд,  ҷорӣ менамояд. 
Сенаторон қонуни мазкурро қабул карданд.
Инчунин дар ҷамъомади умумӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашарот, касалиҳо ва алафҳои бегона» дар таҳрири нав баррасӣ гардид.
Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи қонун бо иштироки мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, дар бораи зарурати аз нав дида баромадани он хулоса бароварда шуд.
Пеш аз ҳама, дар Қонун номгӯйи пайвастаҳои кимиёвие, ки барои муҳофизати растанӣ аз организмҳои зараровар истифода мешаванд ва воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, нуриҳо ва дигар доруҳои тавсияшуда мавҷуд намебошад. Маҳак ва меъёрҳои асосии истифодаи самаранок ва безарари онҳо низ ошкор карда нашудаанд.
Ба ғайр аз ин, дар Қонун масъалаҳои марбут ба муайян кардани объектҳо ва субъектҳои ҳифзи растаниҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо инъикос наёфтаанд. Ҷиҳатҳои назорати радиологӣ, токсикологӣ ва ташхис ба мақсади таъмини меъёрҳои стандартии пестисидҳо ҳангоми парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ мебошанд, нишон дода нашудааст.
Дар айни замон, Қонун талаботро оиди бақайдгирии пестисидҳо ва воситаҳои агрокимиёвии нав, инчунин додани иҷозат барои истифодаи маблағҳо дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бар намегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ меъёрҳо нисбати масъалаҳои омӯзиши паҳншавии намудҳои зараркунандаҳои қаблан набуда,  касалиҳо ва алафҳои бегона дар натиҷаи ворид намудани навъҳо ва намудҳои гуногуни растаниҳои нав муқаррар карда нашудааст.
Ба ақидаи коршиносон, меъёрҳои қонунро бо назардошти мувофиқати онҳо ба дигар санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалӣ оид ба карантини растанӣ ва ҳифзи онҳо ба назар гирифтан зарур аст. Илова бар ин, ифодаи моддаҳои Қонун ба талаботи техникаи қонунгузорӣ ҷавобгӯ нест.
Бо назардошти аҳамияти муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар Қонун танзим шудаанд, сенаторҳо аз нав дида баромадани консепсияи Қонуни мазкур, истифодаи муносибати маҷмӯӣ ба он, татбиқи меъёрҳои байналмилалиро барои коркарди он, инчунин гузарондани инвентаризатсияи қонунгузории амалкунанда ва ба он дохил намудани қоидаҳои Қонуни мазкурро мувофиқи мақсад донистанд.
Дар доираи ҷамъомади умумии шашум аъзои Сенат инчунин Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати минбаъд такмил додани равандҳои қонунгузорӣ ва назорати парлумонӣ»-ро баррасӣ карданд.
Қонун, ки ба ташкили назорати самарабахши парламентӣ аз болои фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ нигаронида шудааст, ба як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба фаъолияти парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ тағйироту иловаҳо ворид мекунад.
Ҳамин тавр, тибқи Қонун «Дар бораи назорати парлумонӣ», палатаҳои Олий Маҷлис ҳуқуқ дорад танҳо иттилооти аъзои ҳукуматро шунавад. Тибқи тағйирот меъёр муқаррар карда мешавад, ки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат метавонанд дар ҷамъомадҳои худ иттилооти аъзои ҳукумат, роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти идораи хоҷагидориро оид ба масъалаҳои фаъолияти онҳо шунаванд.
Яке аз навовариҳое, ки ба қонун ворид карда мешавад, ба ҷорӣ намудани амалияи фаъолкунӣ ва истифодаи васеи институти санҷиши парлумонӣ, ки як намуди назорати парлумонӣ ҳисобида мешавад, равона шудааст.
Сабаб дар он аст, ки дар тартиби ҷории санҷиши парлумонӣ як қатор камбудиҳо ҷой доштанд. Аз ҷумла, дар палатаҳои Олий Маҷлис имконияти қабул намудани қарори ҷудогона оид ба баргузор намудани санҷиши парлумонӣ  набуд.
Вобаста ба ин, Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки санҷиши парлумонӣ бо қарори алоҳидаи Палатаи қонунгузорӣ

ё Сенат, ё ки бо қарори муштараки палатаҳои Олий Маҷлис баргузор карда шавад.
Дар асоси тағйирот инчунин муайян карда мешавад, ки ҷавоб ба пурсиши парлумонӣ, дархости сенатор оид ба масъалаҳои ҳаяҷоновари аҳолӣ, аз ҷониби шахси мансабдор, ки ба номаш дархост фиристода шудааст ё шахси муваққатан иҷрокунандаи вазифа имзо карда мешавад. Ин ба минбаъд баланд бардоштани муассирии дархостҳо хидмат мекунад.
Тағйироти дигар ба баланд бардоштани самаранокии баррасии лоиҳаи қонунҳо ва баланд бардоштани сифати онҳо нигаронида шудааст. Тибқи ин тағйирот, бо маърӯза оид ба лоиҳаи қонун дар қироати аввал, чун қоида, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ё намояндаи вай, дар хонишҳои баъдӣ — намояндаи кумитаи масъул баромад мекунад.
Сенаторон қонунро қабул карданд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба такмил додани тартиби адои хидмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» -ро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тартиби адои хидмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Дар бораи такмили низоми тайёр кардани афсарҳои эҳтиётӣ ва захира дар шӯъбаҳои таълими тайёрии ҳарбии муассисаҳои  таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таҳия шудааст.
Қабули Қонун имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузории марбут ба адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон такмил дода ва ба як шакл оварда, якранг тамоми мафҳум, истилоҳот ва номҳои мавриди истифода дар ин соҳа маънидод карда шавад.
Мақсади асосии ворид намудани тағйироту иловаҳо:

  • дақиқ муайян кардани меъёрҳои қабул ва ҷавоб додан аз хидмати ҳарбӣ;
     *дар санадҳои қонунгузорӣ инъикос кардани тағйироти марбут ба ҷорӣ намудани  рутбаҳои ҳарбии сержанти дараҷаҳои I, II, III, инчунин рутбаҳои ҳайати киштӣ ба ҷойи рутбаи сержант;
    *ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳое, ки сохтори нируӣ доранд, додани ваколат оид ба муқаррар намудани тартиби пӯшидани либоси низомӣ, ки қаблан ба Вазорати мудофиа гузошта шуда буданд;
    *муайян кардани имконияти тайёр кардани афсарони эҳтиётӣ ва захира дар марказҳои таълимӣ ва курсҳои тайёрии ҳарбии муассисаҳои таълими олӣ.
    Тағйироту иловаҳо ба танзими санадҳои қонунгузории мавҷуда ва рафъи камбудиҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ мусоидат мекунанд.
    Пас аз муҳокимаи фаъол аз ҷониби сенаторон Қонуни мазкур тасдиқ карда шуд.
    Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл « баррасӣ шуд.
    Таъкид гардид, ки дар ҷараёни татбиқи Қонун дар бораи танзими фаъолияти мақомоти хусусии шуғли аҳолӣ, ки соли 2018 қабул шудааст, далелҳои аз ҷониби агентиҳои шуғл ғорат кардани маблағҳои ҷамъоваришуда аз шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар хориҷ кор карданро изҳор кардаанд, ба қайд гирифта  шудааст, дар ҳоле ки агентиҳои шуғл ин шаҳрвандонро бо кор таъмин накардаанд.
    Нисбати роҳбарони 10 оҷонсии хусусии шуғл барои расонидани зарари моддӣ ба 7 123 шаҳрванд ба миқдори беш аз 72,0 миллиард сӯм парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуданд.
    Аз ҷумла, роҳбари оҷонсии хусусии шуғли «Human» аз 1086 шаҳрванд ба миқдори 21,2 миллиард сӯм, роҳбари оҷонсии «Korean and Migrations» аз 2317 шаҳрванд ба миқдори 22,2 миллиард сӯм маблағи пулӣ азхуд карда шудааст.
    Бо мақсади барҳам додани чунин ҳолатҳои ногувор Қонуни мазкур муқаррар менамояд, ки маблағ барои пешниҳоди хадамоти шуғл барои шахсоне, ки хоҳиши дар хориҷа кор карданро доранд, на аз ин ашхос, балки аз корфармоён ситонда мешавад.
    Инчунин нисбати шахсони мансабдори мақомоти шуғли хусусӣ барои вайрон кардани талаботи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
    Бо мақсади таъмини шаффофияти расондани хидмат оиди бо кор таъминкунӣ аз ҷониби агентиҳои шуғл шартномаҳо оид ба хидматрасонӣ дар реҷаи вақти воқеӣ дар системаи иттилоотии Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ба қайд гирифта мешаванд.
    Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани кафолати шуғли шаҳрвандони мо, ки дар берун аз ҷумҳурӣ кор меҷӯянд, аз ҷониби оҷонсиҳои хусусии шу

ғл дар шакли хаттӣ ба имзо расондани шартномаҳои ҳамкорӣ бо кордиҳандагон ва шарикони хориҷӣ ҳамчун шарти зарурӣ муайян шудааст.
Тағйироту иловаҳо ба қонун барои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон замина фароҳам меоранд. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Масъалаи навбатии муҳокима дар доираи рӯзномаи ҷамъомади умумии шашум ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дар нимсолаи якуми соли 2020 иҷро намудани Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» буд.
Таъкид гардид, ки ҳукумат низоми яклухти таъмини татбиқ ва назорати доимии Барномаро таъсис додааст, ки таҳияи лоиҳаҳои 163 санади меъёрию ҳуқуқӣ ва 121 барномаи чорабиниҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро пешбинӣ менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ сармоя ва қарзҳои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 маротиба зиёдтар азхуд карда шудааст. Ҳаҷми хидматҳо 2,6% афзоиш ёфтааст.
Барои бо доруворӣ ва маснуоти тиббӣ таъмин кардани муассисаҳои давлатии тиббӣ ва аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд ё тақрибан 1,5 триллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҳисоби сирояти пандемияи коронавирус дар мамлакат суръати афзоиш дар бахшҳои иқтисодиёт низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 22,6% коҳиш ёфтааст.
Аз 118 супорише, ки мувофиқи Барнома дар  нимсолаи аввали соли 2020 бояд иҷро мешуданд, 3-тои он сари вақт иҷро карда нашуд.
Ҳамин тавр, қабули қарори ҳукумат дар бораи пурзӯр гардондани бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин карда нашудааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи ҳисоботи ҳукумат сенаторон ба баъзе танбеҳҳои аҳолӣ таваҷҷуҳ карданд, ки сабаби андешида нашудани чораҳои зарурӣ оид ба истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои дар шароити пандемия ва карантин ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ҷудошуда гардиданд.
Таъкид гардид, ки таъмини вазифаҳо оиди ба роҳ мондани низоми назорати электронии беасос  боло рафтани нархи молҳои истеъмолӣ ва доруворӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро нашудаанд.
Ба зарурати муътадил гардондани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, пешгирии бемориҳо, ба беморхонаҳо интиқол додани шаҳрвандони мубталои бемории коронавирус, инчунин мунтазам ба аҳолӣ тавзеҳ додани талаботи карантин ва пурзӯр гардондани  иштироки фаъоли намояндагони маҳалла дар  маҳалҳо бобати амалӣ гардондани назорати ҷамъиятӣ дар ин самт эътибор дода шуд.
Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенат қабул шуд.
Дар доираи рӯзномаи ҷамъомади умумии шашум маълумоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳолати огоҳӣ ва профилактикаи поймолсозии ҳуқуқ аз рӯи натиҷаи шаш моҳи соли 2020 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи бурдани кори низомнок 20497 ё худ 95,2 фоиз ҷинояти қайдгардида фош гаштааст. 1051 шахс боздошт шудааст, ки дар ҷустуҷӯи мақомоти тафтишот буда, беш аз 260 нафар ёфт шудааст, ки бедарак гумшуда ҳисобида мешуданд.
Бо ташаббуси мақомоти корҳои дохила 4158 ҷиноят маълум карда шудааст. Аз 9145 маҳаллаи ҷумҳурӣ дар 66,3 фоизаш ё худ дар 6061 маҳалла ҳеҷ ҷинояте содир нагаштааст.
Ҳамзамон омӯзиш маълум намуд, ки дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ камбудиҳо, мушкилоти муайян вуҷуд доранд, ки ҳалли худро интизор буда, имконоти татбиқнагардида низ вуҷуд дорад.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 21535 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин ба ҳар 100 ҳазор нафар ба ҳисоби миёна 63,3 ҷиноят рост меояд.
Носозгорӣ дар оилаҳо, сари вақт ҳал накардани низоъҳо дар берун аз назари фаъолони маҳаллаҳо ва ҷомеаи васеъ мемонанд, ки дар натиҷа ба содир гардидани ҷиноёти фавқулодда сахт мерасонад.
Ҳамин тариқ аз кушторе, ки дар шаш моҳи соли 2020 ба қайд гирифта шудааст, сеякаш (71,35 фоиз), 76 (20,5 фоиз) ҷиноят дар шакли ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар доираи муомилоти оилавӣ содир мегардад.
Ҳамзамон аз сабаби он ки низоъҳои оилавӣ сари вақт пешгирӣ карда намешаванд, 5940 вайрон кардани қонун дар доираи муомилаи оилавӣ содир гаштааст, ки аксарияти онҳо, яъне 52,6 фоиз (3123) ба вилоятҳои Тошканд, Бухоро, Навоӣ ва Фарғона рост меояд.
Аз он ҷумла ба 2776 на

фар занон ордери ҳимоя дода шудааст, ки дар шароити оила бо тангсозӣ дучор гаштаанд.
Бинобар ин азбаски бисёр мушкилот дар кор бо ҷавонон боқӣ мемонад ва барои бартараф намудани онҳо эътибори кофӣ дода намешавад, аз чор яки ҷиноёт (4988 ё худ 23,2 фоиз)-и бақайдгирифташуда дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонон содир мегардад, ки 1315-тои онҳо ё худ 6 фоиз аз ҷониби ҷавонони бекор ба қайд гирифта шудааст.
Ғайр аз ин беш аз 3 ҳазор бекорон (3198) ҷиноят содир намудаанд, ки аз қарори бесамари маҳалҳо дар бобати масъалаи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ далолат менамояд.
Агарчи ҳодисаҳои нақлиёту роҳ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли ҷорӣ (2564/2388) кам гаштааст, 730 нафар аз сабаби вуҷуд надоштани шароити муносиб барои ҳаракати бехатар дар роҳҳо ҳалок гаштааст. 2297 нафар шахс ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.
Ҳамзамон, қариб аз ду яки ҳодисаи роҳу нақлиёт (аз 2388 1017-тоаш) дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат содир гаштааст, ки ин аз ногузирии фаъол намудани кор дар бобати босамар истифода намудани дастгоҳҳои бақайдгирии фото-видео далолат менамояд.
Ғайр аз ин сенаторон дар маҳалҳо масъалаҳоро вобаста ба ин мавзӯъ омӯхтаанд ва ин омӯзишҳо нишон дод,ки дар низом мушкилот ва камбудиҳо фош гардиданд. Ҳамин тариқ ҳисоботи инспекторони профилактика дар мақомоти худидораи шаҳрвандон ба хотири расмият ба амал оварда мешавад, дар баъзе ҳолатҳо умуман гузаронда намешавад.
Дар шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ дар ҷараёни шунидани ҳисоботи шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар бисёр мавридҳо иштироки кадрҳои роҳбарикунандаи сохторҳои мазкур таъмин карда намешавад. Ҳамзамон сарфи назар аз кори мусбӣ, ки барои кор бо кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад,3027 нафар ходим ба поймолсозии интизоми хидматӣ роҳ дода, 52 нафар ҷиноят содир кардааст.
Барои мисол, дар соли ҷорӣ дар вилоятҳои Қашқадарё ва Андиҷон ҳолатҳои аз ҷониби ходимон содир намудани поймолсозии қонун сабаби муҳокимаи васеъ дар байни аҳолӣ гардид, ки ин сабаби ташаккул ёфтани фикрҳои манфӣ нисбати мақомоти корҳои дохилӣ гардид.
Сенаторон таъкид карданд, ки таҳияи пешниҳодот дар бобати дохил намудани тағйирот ба қонунгузории ҷорӣ нисбатан барои ба вуҷуд овардани гурӯҳи кории байниидоравӣ дар бобати ифшо намудан ва бартараф сохтани мушкилот дар хонаводаҳои носоз, дастгирии  иҷтимоии маънавии онҳо ва ҳамчунин барқарор намудани масъулияти падару модар, ки сабабгори ҷудоиҳои оилавӣ мегарданд, ногузир аст.
Ғайр аз ин, ногузирии ташкили якҷояи низомнок дар минтақаҳо аз ҷониби фаъолияти хидматии аъзои сохтори «Пунктҳои назорати ҷамъиятӣ» ва «Зани шуҷоъ» ва ёрдамчиёни инспекторони профилактика дар маҳаллаҳои серҷиноят баргузор намудани кори низомноки профилактика бо шахсон, оилаҳои носоз ва қисми номуташаккили ҷавононе, ки дар руйхати профилактика ҳастанд, таъкид гардид.
Аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз он сенаторон маълумоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ шуниданд.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти муайян дар бобати татбиқи сиёсати хориҷии мамлакат, ҳимояи манфиатҳои давлатии Ӯзбекистон ва ҳуқуқи шаҳрвандони мамлакат дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳамчунин дар ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ анҷом дода шудааст. Ҳамзамон эътибори алоҳида ба танзими фаъолияти вазорат, идора, муассисаҳо доир ба рушди алоқаҳои байналхалқӣ нигаронда мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ ташрифҳои расмӣ дар дараҷаи олӣ ба Туркия ва Федератсияи Русия, қабули меҳмонони хориҷӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, беш аз 20 гуфтугӯи онлайн дар дараҷаи олӣ ташкил карда шуданд.
Дар рушди ҳамкорӣ ва алоқаҳои байнипорлумонӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ инчунин корҳои муайян анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 58 ташриф ва вохӯрӣ, гуфтугӯҳои онлайн дар дараҷаи парлумонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ташкил гаштааст.
Дар шароити пандемияи инфексияи коронавирус Вазорати корҳои хориҷӣ дар доираи ӯҳдадории вазифавии худ ба татбиқи чорабиниҳо доир ба мадади моддӣ ба беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрванд, ки дар хориҷа

ба шароити душвор афтодааст, баргардондани беш аз 95 ҳазор шаҳрванд ба Ӯзбекистон ва ҳамчунин фиристодани беш аз 7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Ватан саҳми худро гузоштааст.
Ҷалби сармоя ва кредити хориҷӣ ба мамлакатамон ба миқдори беш аз 3 миллиард доллари ИМА аз аввали соли 2020 бо ҳамдастии намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон аҳамияти муҳимро молик аст.
Ҳамзамон дар ҷараёни омӯзиш, ки Сенат анҷом додааст, инчунин зимни муҳокимаи он дар шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ вуҷуд доштани чандин камбудӣ ва мушкилот дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид гардид. Ба вазифаҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз он ҷумла бо СММ ва ташвиқи васеи ислоҳоти доманфарохи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷоринамудаи Ӯзбекистон ба хотири манфиати халқ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Фаъолият доир ба ҳамдастии амалии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи рағбатноксозии содирот, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи соҳибкорон дар маҳалҳо оид ба рушди ҳамкории иқтисодиёти хориҷӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намебахшад.
Аз он ҷумла, то ҳанӯз низоми машғулотҳои таълимӣ ва тренингҳо барои намояндагони вилоятҳои ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавӣ бо давлатҳои хориҷӣ роҳандозӣ нагаштааст. Баъзе лоиҳаҳо ва пешниҳодоти сармоявӣ, ки аз минтақаҳо мерасанд, беҷавоб мемонанд.
Тартиби ҷории ҳимояи шаҳрвандонамон дар хориҷа, расондани ёрии ногузир ва хидмати сифатноки консулгарӣ дучори танқиди ҷиддӣ мегардад. Бисёр хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ инро собит менамоянд.
Дар натиҷаи муҳокимаи ҳамаҷониба ва кушод дар ҷамъомади умумии Сенат ба шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноат ва инчунин дигар идораҳои дахлдор супориш ва тавсияҳои дақиқ дода шуд.
Аз рӯи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз он аъзои Сенат маълумоти вазири шуғл ва муносибати меҳнатро дар бораи корҳое, ки соли 2019 ва давраи гузаштаи соли 2020 анҷом дода шудааст, шуниданд.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории Сенат ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» ва қарорҳо, барномаҳо ва чорабиниҳое, ки ба таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ нигаронда шудааст, омӯхта шудааст.
Дар асоси таҳлили бозори меҳнати мамлакат кори муайян доир ба таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи таҳияи барномаҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ, муқаррар намудани фармоиши давлатӣ барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор ва квота барои бо кор таъмин намудани қишри аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифи аҳолӣ анҷом дода шудааст.
Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ то ҳолати 1 апрели соли 2020 миқдори захираҳои меҳнатӣ 19,1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар муқоиса бо давраи мазкури соли 2019 0,6 фоиз зиёд аст.
Ғайр аз ин дар бобати бо кор фаро гирифтани шахсони бекоре, ки ба мақомоти меҳнат бо мақсади бо роҳи  ташкили кор оид ба сохтмон, таъмир, реконструксия, ободии шаҳру ноҳияҳо, ташкили корҳои мавсимӣ дар хоҷагии қишлоқ ба кор ҷалб намудан муроҷиат намудаанд, корҳои муайян анҷом дода шудааст.
Аз он ҷумла, кори марказҳои барои шуғл мададрасон соли 2019 ба хидматрасонии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси принсипи «Даричаи ягона» ва ба 773,4 нафар шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ хидматрасонӣ ба амал оварда шудааст.
Бинобар Қонун «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл» аз ҷониби вазорат руйхати агентиҳои хусусии шуғл ташаккул ёфтааст. Дар зарфи моҳҳои январ-апрели соли 2020 беш аз 2890 шаҳрвандони бекор бо шуғл фаро гирифта шудаанд.
Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки омӯзиш дараҷаи пасти самаранокии фаъолияти вазорат ва вуҷуд доштани чандин мушкилоту камбудиро ифшо намуд.
Ҳамин тариқ соли 2019 дар саросари ҷумҳурӣ 773 ҳазор нафар барои ҳамдастӣ барои бо кор таъмин намудан муроҷиат намудааст ва ҳамагӣ 46 фоизи онҳо бо кор таъмин гардида, дар чор моҳи соли 2020 аз 273 ҳазор шаҳрвандони муроҷиатнамуда 40 фоизаш бо кор таъмин гаштааст.
Кори пешниҳод намудани маълумот аз ҷониби кордиҳандагони шахсӣ дар бораи ҷойҳои холии кор ба бюро бинобар қонунгузории ҷории меҳнат роҳандозӣ нагаштаа

ст.
Дар бораи коҳиши бекории қонеъсозанда бо роҳи рағбатноксозии ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор ҳоҷати ҳарф задан нест.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи фармоиши давлатӣ доир ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор соли 2019» аз 5 марти соли 2019 ба вуҷуд овардани ҳамагӣ 370 ҳазор ҷойи нави кор дар ҷумҳурӣ муайян карда шудааст.
Мисли таъмини шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлили бозори меҳнати мамлакат, таҳияи барномаҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ, таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи муқаррар намудани квота барои бо кор таъмин намудани қишри аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифи аҳолӣ, ки дар Низоми вазорат муайян гаштааст, барои талаби иҷрои чунин вазифаҳо ҷавоб дода наметавонад.
Гузашта аз ин, кори низомнок доир ба шуғли ҷавонон, аз он ҷумла дар деҳот, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии махсуси олӣ ва миёна роҳандозӣ нагаштааст.
Боз як масъала. Шакл ва сифати таълим дар курсҳои таълимие, ки дар низоми вазорат то ҳанӯз фаъолият доранд, ҷавобгӯи талаботи имрӯз нестанд. Барои мисол, шакли имрӯзаи низоми ҷории таълим миллионҳо шахсони бекорро имкони фаро гирифтан надорад.
Ҳамзамон ба мушкилоте низ эътибор нигаронда шуд, ки дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили мураттаби шаҳрвандон барои кор дар хориҷа, ки ҳалли худро мунтазиранд.
Аз он ҷумла, аз сабаби ғайриқаноатбахш иҷро гардидани вазифаҳое, ки дар Низоми вазорат доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили мураттаби шаҳрвандон барои кор дар хориҷа муайян гаштааст, саҳми муҳоҷирати муташаккил дар мавҷи муҳоҷирати умумии меҳнатӣ дар соли 2019 ва дар давраи гузаштаи соли 2020 ба ҳисоби миёна 9 фоизро ташкил намуд.
Дар бобати бартарафсозии мушкилот ва камбудиҳои ифшогардида пешниҳодот ва тавсияҳо изҳор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенат қабул гардид.
Пас аз он сенаторон масъалаи фиристодани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи чорабиниҳо оид ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки муваққатан фаъолияти меҳнатии худро дар Федератсияи Русия анҷом медиҳанд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дархости парлумонӣ дар асоси таҳлили муроҷиати зиёди шаҳрвандон, ки ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қабулгоҳҳои виртуалӣ ва халқии Президент, Омбудсман, ҳокимиятҳо, ваколатхонаҳои дипломатии мамлакат дар Федератсияи Русия мерасанд, тартиб дода шудааст.
Таъкид шуд, ки ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки фаъолияти меҳнатии муваққатии худро дар Федератсияи Русия анҷом медиҳанд, дар маркази эътибори Сенат қарор доранд ва яке аз мавзӯъҳои марказии фаъолияти Комиссияи  Ӯзбекистону Русия оид ба ҳамкории байнипорлумонӣ ба шумор меравад.
Сарфи назар аз вуҷуд доштани ду муоҳида бо ҷониби Русия, ки ба мураттабсозии ҷараёнҳои муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ, имзои шартномаҳо доир ба муташаккилона интихоб намудани шаҳрвандон барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои бехатар ба маҳалли кор расидан дар хориҷ аз ҷумҳурӣ нигаронда шудааст, то ҳанӯз мушкилоти ҷиддӣ дар бобати иҷрои бояду шояд, ки дар шартномаҳои байнидавлатӣ акс ёфтаанд, боқӣ мемонанд.
Барои мисол, бинобар маълумоти намояндагии Агентӣ оид ба муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ дар шаҳри Маскав тамоми 25,4 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия фаъолияти меҳнатии худро анҷом медиҳанд, бидуни расмӣ намудани патенти дахлдор кор мекунанд. Яъне бинобар қонунгузории Русия онҳо фаъолияти худро ғайрирасмӣ анҷом медиҳанд.
Сарфи назар аз вуҷуд доштани шартномаҳои дуҷониба нишондодҳои  бо кор таъмин намудани муташаккилонаи шаҳрвандон дар дараҷаи паст боқӣ мемонад. Барои мисол, соли 2019 аз ҷониби Агентӣ оид ба муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ ва агентиҳои хусусии шуғл бо роҳи интихоби муташаккилона дар Русия ҳамагӣ 1425 нафар бо кор таъмин гаштааст.
Вуҷуд доштани муҳоҷирати меҳнатии номураттаб, ҳал нагардидани мушкилот дар бобати мутобиқати пасти иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, суст донистани забони русӣ, қонунгузории меҳнатӣ ва муҳоҷиратии Федератсияи Русия бисёр мушкилотро эҷод мекунад, ки бо таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонамон вобаста аст.
Сенаторон таъкид карданд, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони  мамлакат дар хориҷа дар шумо

ри вазифаҳои бартариноки муҳими ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бинобар ин, Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул намуд.
Қарор дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ қабул гардид.
Пас аз он масъалаи фиристодани дархости парлумонӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вазъияти содир намудани чунин ҷиноёт, мисли истифодаи азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва муқовимат бар зидди коррупсия содир намудани чунин ҷиноёт, мисли истифодаи азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ дар мақомоти тафтишот ва тотафтишотӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазоро омӯхт.
Дар солҳои охир дар мамлакат кори доманфарох доир ба таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, дар навбати аввал, кафолати бовариноки ҳимоя аз қасдҳои ҷиноятӣ ва ҳамчунин роҳ надодани паст задани шаън ва шарафи онҳо, маҳдуд сохтани манфиатҳои қонунии онҳо ба амал татбиқ мегардад. Аз он ҷумла дар самти мазкур чандин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидааст.
Инчунин соли 2019 бори аввал ба Кумитаи СММ бар зидди азият маърӯзаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар Конвенсияи зидди азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ якҷоя бо Маърӯзаи алтернативии Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) пешниҳод шуда буд.
Аммо муроҷиатҳое, ки аз аҳолӣ мерасанд ва таҳлили амалиёти суд нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳолатҳои истифодаи ҳаракатҳои ғайриқонунӣ нисбати шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти ҳуқуқу тартибот боздошт шуда, зери назорат нигоҳ дошта мешаванд ва аз озодӣ маҳрум гаштаанд, дучор мегарданд. Барои мисол, ба номи Ваколатдори Олий Маҷлис  оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) соли 2017 аз рӯи масъалаҳои мазкур 24 муроҷиат расидааст, соли 2018 – 101, соли 2019 – 138 ва ба ҳолати 25 майи соли 2020 40 муроҷиат расидааст. Тавре ки мебинем, сол то сол теъдоди шикоятҳое зиёд мегарданд, ки ба номи Омбудсман мерасанд. Тамоми ин муроҷиатҳо зери назорат гирифта шуда, барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шудааст.
Аммо ба Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷишҳои тотафтишотӣ, ки дар бобати муроҷиатҳои расида ба амал оварда мешаванд, маълумот дода намешаванд. Аз рӯи маълумоти Прокуратураи генералӣ аз сабаби аз ҷониби ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот ва мақомоти назоратӣ ва шахсони дигар содир гардидани ҷиноят, ки моддаи 235 Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ менамояд, ҳамагӣ 25 парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, нисбати 96 нафар чораҳои тафтишотӣ гузаронда шудааст.
Соли 2017 8 нафар ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, соли 2018 4 ходим ва соли 2019 6 ходим ба ҷавобгарӣ барои кор бурдани азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ ҷалб карда шудаанд.
Ғайр аз ин аз ҷониби суд солҳои 2017-2018 ҳамагӣ 21 парванда баррасӣ гардида, нисбати 38 нафар ҳукм барои истифода намудани азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ содир гаштааст.
Вуҷуд доштани чунин ҳолатҳо боиси эътирози асосноки аҳолӣ мегардад, ки сабаби аз байн рафтани боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва суди одил мегардад.
Ҳамзамон ин ба мавқеи мамлакатамон дар рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои мисол, Ӯзбекистон дар байни 212 мамлакат доир ба субиндикатори «Суботнокии сиёсӣ ва вуҷуд надоштани зӯроварӣ»-и Индикатори сифати идораи Бонки ҷаҳонӣ мақоми 136-ро ишғол менамояд, аз рӯи индикатори таъмини ҳуқуқҳои асосӣ (аслӣ)-и Индекси волоияти ҳуқуқи ташкилоти ғайриҳукуматии байналхалқии «Лоиҳаи ҷаҳонии суди одил» Ӯзбекистон дар байни 128 мамлакат ҷойи 110-умро ишғол мекунад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, Сенати Олий Маҷлис дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Вазорати корҳои дох

илӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бобати ҳолати содир намудани чунин ҷиноёт, мисли истифодаи азият ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои ғайриинсонии золимона ё худ паст намудани шаъни инсонӣ қарор қабул намуд. Дархости парлумонӣ дар бораи мушкилоте, ки дар ҷараёни васеъ ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба машғулот бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуқӯъ мепайванданд, фиристода шуд.
Инчунин масъала дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мушкилоте, ки дар ҷараёни васеъ ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба машғулот бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд меояд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки  дар се соли охир дар мамлакатамон ислоҳот дар бобати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба амал татбиқ гардид. Ҳамин тариқ, Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис ёфта, Консепсияи инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то соли 2025 қабул гардид.
Филиали Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон дар Нуқус, филиали Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Русия дар Самарқанд, факултети муштараки тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ, ки якҷоя бо Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Белорус ташкил гаштааст, фаъолияти худро шурӯъ намуданд.
Ғайр аз ин бинобар Барномаи инвеститсионӣ соли 2019 69 объекти варзишӣ ба миқдори 244,2 миллиард сӯм бунёд гардид. Дар деҳоти дурдаст 421 толори варзишии сохтмонаш сабук ва иншооти варзишӣ бо фарши сунъӣ сохта ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
Соли 2019 дар байни оилаҳо беш аз 53 ҳазор мусобиқоти оммавии варзишӣ баргузор гардид, ки беш аз 4,2 миллион шаҳрвандро фаро гирифт.
Дар ҷамъомад дар баробари ҷиҳатҳои мусбати кор, дар бобати мушкилот низ сухан ба миён омад. Ҳамин тариқ, иншооти варзишие, ки дар минтақаҳо сохта шудаанд, талаботи аҳолиро  пурра қонеъ намесозанд.
87 фоизи 51583 иншооти варзишии ҷумҳурӣ дар ноҳияҳо ва 13 фоизаш дар шаҳрҳо ҷойгиранд. Онҳо метавонанд 1,3 миллион нафар, яъне 4 фоизи аҳолии мамлакатро фаро бигиранд.
Бинобар таҳлил, имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 421 иншооти варзишӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст. Ин хусусан ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, Сирдарё, Бухоро, Ҷиззах, Сурхондарё ва Тошканд дахл доранд.
Ғайр аз ин, дар асоси шарти шарикии давлативу хусусӣ барои сохтмони майдони баскетбол дар 96 фоиз (194) шаҳр ва ноҳияҳо замин ҷудо карда нашудааст. Аз сабаби он ки паспортизатсияи иншооти варзишӣ дар дараҷаи дилхоҳ анҷом дода нашудааст, 46 фоизи 51583 иншооти варзишии дар ҷумҳурӣ мавҷуд ҳанӯз паспортизатсия нагаштаанд.
Ғайр аз ин кор доир ба таъминоти мактабҳои таълими ҳамагонӣ бо толорҳои варзишӣ дар дараҷаи шоиста ташкил нагаштааст. Дар 24 фоиз (2359)-и 9942 мактаби таълимоти ҳамагонии Вазорати маорифи халқ толорҳои варзишӣ вуҷуд надоранд.
Новобаста аз он ки беш аз 248,5 ҳазор чорабинӣ оид ба ҷалбсозӣ ба варзиши оммавии беш аз 3,8 миллион ҷавонони бекор баргузор гаштааст, ҳамагӣ 10 фоизи ҷавонон бо он фаро гирифта шудааст.
Гузашта аз ин Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиш якҷоя бо ЮНИСЕФ дар заминаи иҷтимоии рақамии «Ю-репорт» пурсишро оид ба ҳолати имрӯзаи иншооти варзишӣ ва фаъолияти онҳо ба вуқӯъ пайваст, натиҷаи он аз вуҷуд доштани чунин мушкилот дар соҳаи мазкур далолат менамояд.
Қариб 8 ҳазор иштирокдорони пурсиш фикри худро баён намуда, бинобар он 49 фоизи ҷавонон ба таври  ҳамешагӣ бо тарбияи ҷисмонӣ машғул нестанд, 20 фоиз бо ягон намуди варзиш фаро гирифта нашудааст. 19 фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки нархи маҳфилҳои варзишӣ барои иштирокдорон гаронӣ мекунад. 64 фоизи ҷавонон чунин мешуморанд, ки номусоидӣ  ба сабаби бо нақлиёт расидан ё худ хеле зиёд пиёда гаштан то иншооти варзишӣ ба вуҷуд меояд. 64 фоизи ҷавонон вуҷуд надоштани иншооти варзишӣ дар маҳалларо таъкид карданд, ки дар онҳо худашон зиндагӣ мекунанд ё худ нокифоягии ташкили мусобиқоти варзиширо ваҷҳ нишон додаанд. Хусусан дар вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғона вазъият қонеъкунанда нест.
Ҳамин тариқ, иҷрои барнома дар асоси шарти шарикии давлативу хусусии «Майдони футбол – дар ҳар маҳалла» қариб дар 6 ҳазор маҳалла таъмин нагаштааст. Барои мисол, дар вилояти Андиҷон 867, дар вило

яти Самарқанд 790, дар вилояти Тошканд 708 ва дар вилояти Фарғона 700 майдони футбол сохта нашудааст.
Ғайр аз ин кор дар бобати тарбияи кадрҳо барои соҳаи тарбияи ҷимонӣ ва варзиш, таъмини мактабҳои варзишӣ бо мураббиёни баландмалака ва ходимони тиббӣ дар дараҷаи бояду шояд ташкил нагаштааст.
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Сенат қарорро дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мушкилоте, ки дар ҷараёни васеъ ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба машғулот бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуқӯъ мепайвандад, қабул намуд.
Инчунин қарорҳои Шӯрои Сенати Олий Маҷлис тасдиқ гардиданд.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии шашуми Сенати Олий Маҷлис кори худро ба поён расонд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ