Дар Ҳиндустон як ҳавопаймо бо 191 нафар мусофир дучори садама шуд


Рӯзи 7 август дар фурӯдгоҳи Коҷикодеи иёлати Кералаи Ҳиндустон ҳавопаймои ҳангоми фурӯд омадан дучори садама шуд. Ин ҳавопаймои Boeing-737-и ширкати Air India буд.
Ҳангоми фурӯд омадани ҳавопаймо, ки аз Дубай баргашта буд, борон бо шиддат меборид. Дар натиҷа ҳавопаймо лағжид ва дучори садама шуд. 15 нафар, аз ҷумла, фармондеҳи ҳавопаймо низ кушта шуданд. 123 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ