Рӯзи 7 август шумори мубталоёни нави коронавирус дар Ӯзбекистон камтар буд


Рӯзи гузашта, 7 август дар кишвар 690 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Ҳамаи онҳо дар натиҷаи мулоқот бо беморон мубталои вирус шудаанд. Дар миёни аҳолӣ ягон ҳолати нав пайдо нашуд.
Дар зимн, рӯзи гузашта дар шаҳри Тошканд 4 нафар, дар вилояти Тошканд 2 нафар бемор вафот карданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Тошканд, ҷумҳурии Қорақалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Бухоро, Қашқадарё, Андиҷон, Сирдарё а Хоразм 793 нафар бемор шифо ёфтанд.
Дар умум шумори шифоёфтагон рӯзи гузашта ба 20 380 нафар расид. То ҳол 69 дарсади беморон сиҳат шуданд.
Дар айни ҳол беш аз 8 600 нафар бемор муолиҷа мегиранд. Вазъи саломатии 786 нафар онҳо вазнин, 275 нафар хеле вазнин мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ