Аз марказ — хизмати беғараз

Фармони Президент аз 12-уми декабри соли 2017 “Дар бораи чораву тадбирҳои куллан ислоҳ намудани сохтори миллии хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ” сифат ва самараи хидматрасониҳои гуногуни давлатиро ба аҳолӣ ба зинаи нав баровард. Бо мақсади дури мардумро наздику мушкилашонро осон кардан ва пешниҳод намудани хизмати босифати давлатӣ дар назди Вазорати адлия Агентии хизматҳои давлатӣ таъсис ёфт. Сипас, дар ҳар як вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияти Маркази хизматҳои давлатӣ ба роҳ монда шуд. Алҳол кормандони соҳа дар биноҳои замонавии таҷҳизонидашуда ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Аз ҷумла моҳи декабри соли гузашта дар шаҳраки Гулобод бинои замонавии Маркази хизматҳои давлатӣ тантанавор кушода шуд. Ба он мутахассиси ҷавон, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Савлатҷон САЛОҲИДДИНОВ роҳбар таъин гардид. Суҳбати мо бо ӯ дар бораи вазифаҳои марказ буд.
– Ҳоло мо ба мардум беш аз 130 намуди хизмати давлатӣ мерасонем, – гуфт Савлатҷон Соҳибович. – То охири сол адади он аз 160 зиёд хоҳад шуд. Зеро бо таъбири сарвари кишварамон «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ ба халқ бояд хизмат намоянд». 
Бояд таъкид намуд, ки аз 1-уми апрели соли 2019 барои сабук кардани кор ба шаҳрвандон тамоили экстерриториал, яъне аз ҳудудҳои дилхоҳ  ба маркази хизматҳои давлат бо талабҳои зарурӣ муроҷиат кардан ба роҳ монда шуд. Масалан, тадбиркор бо мақсади фаъолият дар шаҳри Тошканд метавонад ба яке аз марказҳои вилояти Самарқанд муроҷиат кунад. Дар чунин ҳолат низ масъалаи вай ҳалли худро меёбад. Бинобар ҳамин, дар рӯйхати манзили зист будан ё набудан аҳамият надорад. Яъне, Маркази хизматҳои давлатӣ ҳудуд интихоб намекунад.
– Дар бораи навигариҳои соҳа чанд ҳарф мегуфтед… 
– Дар оғози сол Фармони Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди босуръати сохтори миллии хизматрасонии давлатӣ” имзо гардид. Дар асоси ин ҳуҷҷати меъёрӣ доираи фаъолияти марказҳо боз ҳам васеътар шуд. Мувофиқи фармон дар маҳаллаҳои шаҳр, шаҳрак, деҳа ва авулҳо низ филиалҳои Маркази хизматҳои давлатӣ ташкил карда мешавад. Филиалҳо дар бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо дар асоси ҳуқуқи истифодаи ройгон ҷой мегиранд. Ғайр аз ин, аз 1-уми январи соли 2021 дар ҷойҳои сераҳолӣ ва масканҳои ҷамоатӣ хизматҳои давлатӣ тавассути инфокиоскҳо дар асоси тамоили худхизматрасонӣ амалӣ мегардад.
– Ҳозир дар мамлакат қоидаҳои карантин ҷорист. Мардуми корафтода чӣ бояд кунад? 
– Дар вазъияти пандемия ба субъектҳои тадбиркорӣ ва аҳолӣ дар асоси онлайн хизмат расонда мешавад. Танҳо дар давраи гузаштаи соли равон ба шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ 16 541 хел хизмати давлатӣ расонида шуд. Алалхусус, ба 14 хоҷагии фермерӣ, 9 хоҷагии деҳқонӣ, 183 корхонаи оилавӣ, 170 субъекти тиҷорати хурд ва 508 нафар шахсони алоҳида хизмат расондем ва онҳоро аз рӯйхат гузарондем. 
– Дар бораи «бол»-ҳои худ, яъне ҳамкорон низ сухан мегуфтед?  
– Ҷамоаи моро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мардум сари вақт ва дар чорчӯбаи қонун хизмати беминнат расонанд. Ҷалил Давлатов, Темур Шамсиддинов, Абулайс Муҳиддинов, Ҷаҳонгир Аҳадов, Зуҳриддин Киромиддинов, Дадахон Суюнов ва дигарон бо кордонӣ ва маданияти баланди муомила ба эҳтироми мизоҷон соҳиб гардидаанд.
 – Дар марказҳои хизмати давлатӣ қабул ба кор чӣ хел мебошад? 
– Ба тарзи онлайн. Агар ҷойи холӣ пайдо гардад, пас аз суҳбат ба кор мегирем. Дар идораи мо ҳуқуқшиносоне, ки забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва хориҷиро медонанд, имтиёзи хуб доранд. Воқеан, чанд нафар ходимони мо дар Тошканд ва шаҳрҳои дигар таҷрибаомӯзӣ кардаанд. 

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ