МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ САВДОИ ОДАМ КОРИ ТАМОМИ ҶОМЕА АСТ

Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» ба мақсади омӯзиши дараҷаи огоҳии шаҳрвандони кишвар аз мушкилоти савдои одам, инчунин муайян кардани баҳои аҳолӣ ба самарабахшии кор дар маҳалҳо оид ба пешгирии ҷинояти марбут ба савдои одам пурсиши телефонӣ гузаронд.
Дар пурсиш шаҳрвандоне, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат зиндагӣ мекунанд — мардон ва занон, ҷавонон, намояндагони синнашон миёна ва калон (ҳамагӣ беш аз 500 нафар) иштирок карданд.
Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки дар бораи дарк намудани тезутундии мушкилоти савдои одам аз ҷониби шаҳрвандони кишвар,  идрок гардидани сабабҳои пайдоиши он, инчунин ошкор намудани фикру пешниҳодоти шаҳрвандон оид ба ташаккули стратегияи минбаъдаи мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба савдои одам маълумоти холисона ва дақиқ дода шавад.
Пурсиши телефонӣ тасдиқ менамояд, ки дар шуури ҷамъиятӣ муносибати тоқатнопазир ва бениҳоят манфӣ ба шаклҳои гуногуни истисмор ва ҷиноятҳои марбут ба савдои одам бартарӣ пайдо мекунад.
Тадқиқот нишон дод, ки 84,5 фоизи ӯзбекистониҳо аз чунин мушкилоти иҷтимоӣ ба монанди савдои одам огоҳӣ доранд ва онро ҷинояти бар зидди шахс ба мақсади истисмор бо роҳи маҷбуркунӣ, фиреб ва қаллобӣ меҳисобанд. Баъзе пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки онҳо дар бораи савдои одам комилан огоҳанд, баъзе пурсидашудагон дар бораи савдои одам ба таври умумӣ хабардоранд.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки манбаи асосии ахбор дар бораи ҷиноятҳои марбут ба савдои одам телевизион мебошад. Бинобар ақидаи шаҳрвандон онҳо инчунин дар бораи ин мавзӯъ аз манбаъҳои гуногуни интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот мегиранд.
Аксарияти мутлақи шаҳрвандон – 83,8 фоиз чунин ҷиноятҳоро «мушкилоти ҷиддӣ меҳисобанд, ки ҳаёт ва тақдири одамонро вайрон карда, онҳоро аз шаъну шарафи инсонӣ маҳрум мекунанд, мардон, занон ва ҳатто кӯдаконро қурбон мекунанд».
Дар ҷараёни пурсиши телефонӣ маълум шуд, ки ҷойи асосии заифи ҳамватанони мо дар назди одамфурӯшон, ки одамонро ба мол табдил медиҳанд, мушкилоти иқтисодӣ, хоҳиши беҳтар кардани вазъ дар муддати кӯтоҳ ба ҳисоб мераванд. Ин мардумро ба амалҳои даҳшатнок тела дода, онҳоро водор месозад, ки аз моделҳои хатарноки кирдори иқтисодӣ истифода баранд, ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, шароити истисмор ва шароитҳои меҳнати ғуломӣ розӣ шаванд.
Инчунин пурсидашудагон мепиндоранд, ки паст будани дараҷаи маданияти ҳуқуқӣ, ба дараҷаи бояду шояд маълумот надоштани шаҳрвандон дар бораи имкониятҳои шуғли қонунӣ, надонистани оқибатҳои манфии шуғли ғайрирасмӣ, инчунин омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар берун аз ҳудуди мамлакатамон дар ғуломии меҳнатӣ ва ҷинсӣ қарор ёфтани онҳо мусоидат менамояд.
Бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиши телефонӣ ҷавонон, занон, бачаҳо, одамони дараҷаи маълумоташон паст ва маълумоти касбӣ надошта, бекорон, бачаҳои оилаҳои эҳтиёҷманд гурӯҳҳои ночортарини иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.
Пурсиш нишон дод, ки дар паҳншавии ҷиноятҳои марбут ба савдои одам сифатҳои шахсии шаҳрвандон ва хоҳиши зуд ба даст овардани даромад нақши манфӣ доранд. Бинобар ақидаи пурсидашудагон шаҳрвандони соддадил, сабукфикр, иродаашон суст ва ба худ боварӣ надошта ба доми шабакаҳои савдои одам меафтанд.
Дар доираи пурсиши телефонӣ маълум шуд, ки то чи андоза шаҳрвандон аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ва раёсатҳои соҳаи мубориза бар зидди савдо дар маҳалҳо огоҳӣ доранд. Натиҷаҳои бадастомада нишон доданд, ки иштирокдорони пурсиш аз он ки дар Ӯзбекистон масъалаҳои мубориза бар зидди савдои одам ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, такмил додани пойгоҳи қонунгузорӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Иштирокдорони пурсиш боварӣ доранд, ки мубориза бар зидди савдои одам кори тамоми ҷомеа мебошад. Маълумоти нокифоя дар бораи кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора дар маҳалҳо имкониятҳои дар шаҳрвандон  ташаккул додани тасаввуротро дар бораи ҳодисаҳо ва чи гуна бо ин мушкилот мубориза бурд, фароҳам намеорад.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки аксарияти мутлақи иштирокдорон (93,9 фоиз) ба ҳолатҳои фарзандони худро фурӯхтани занҳои ҷавон муносибати  манфӣ доранд, омодаги

и худро ба муқобили ҳолатҳои савдои кӯдакон агар ин ҳолатҳо ба онҳо маълум бошанд, изҳор мекунанд. Иштирокдорони пурсиши телефонӣ маълумотро дар бораи ҳолатҳои фурӯши кӯдакон, ки  дар воситаҳои ахбори оммавӣ чоп мешаванд, амиқ эҳсос мекунанд ва ба заноне, ки кӯдаконро мефурӯшанд ва ба онҳое, ки қасди ба даст овардани кӯдакро доранд, муносибати манфӣ доранд, нисбати савдогарони кӯдакон ба хашм ва нафрат меоянд.
Бинобар ақидаи шаҳрвандони пурсидашуда занонро барои кирдорҳои бемулоҳиза вазъияти молиявӣ, мушкилот дар ҳаёт, хусусиятҳои тарзи ҳаёт водор намуда,  ба роҳи ҷиноят тела медиҳанд.
Инчунин респондентҳо сабабҳои фарзандони худро фурӯхтани занонро  дар хоҳиши аз наздикон пинҳон доштани ҳомиладории номатлуб  ва таваллуди кӯдак бе ақди никоҳ, ҳарчи зудтар халос шудан аз шармандагӣ ва маҳкумияти хешовандон нишон медиҳанд.
Пурсидашудагон дар рафти пурсиш қайд карданд, ки онҳо аксар вақт кӯдаконро на барои истисмор, балки ба хотири фарзандхондкунии ғайриқонунӣ мегиранд. Ба чунин кирдор танҳо касоне даст мезананд, ки расман кӯдакро ба фарзандӣ қабул карда наметавонанд ва ба қайдгирӣ хеле мураккаб буда, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ вақту кӯшишҳои зиёдро талаб мекунад.
Сабаби дигар ин суст будани таъсири қонунҳо мебошад: қонуншиканҳо барои хариду фурӯши кӯдакон ҷазои қатъӣ намегиранд ва баъзан ҳатто аз он барканор мемонанд. Иштирокчиёни пурсиш чунин мешуморанд, ки низоъҳо, муноқишаҳо дар оила ва талоқ низ метавонанд сабабгори фарзанди худро фурӯхтани модар мегардад.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки бинобар ақидаи шаҳрвандон савдои кӯдакон асосҳои ахлоқии ҷомеаи Ӯзбекистон, ниҳоди оила ва издивоҷро халалдор карда, ҳуқуқҳои кӯдакро поймол месозад. 56,5 фоизи шаҳрвандон иброз доштанд, ки бояд чораҳои ҷавобгарии ҷиноӣ барои ҷинояти ба ҷомеа хавфнок пурзӯр гардонда шаванд. Қисми зиёди иштирокдорони пурсиш чунин мепиндоранд, зане, ки кӯдаки худро фурӯхтан мехоҳад, барои ҳалли мушкилоташ ба кӯмак ниёз дорад. 46,5 фоизи пурсидашудагон қайд карданд, ки чунин занон ба кӯмаки психологӣ ниёз доранд, чунки пас аз таваллуди кӯдак  ба туфайли вазъияти мураккаби зиндагӣ дар ҳолати ночор мемонанд,  моҳият ва оқибатҳои эҳтимолии вазъиятро дарк накарда, ҷиноят содир мекунанд. Бинобар ақидаи 44,2 фоизи шаҳрвандон занҳое, ки бо кӯдаки худ дар ҳолати вазнин қарор доранд, бояд бо манзили муваққатӣ ва кор таъмин карда шаванд. 33,2 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки ниёзманди дастгирии молиявӣ мебошанд. Тадқиқоти телефонӣ нишон дод, ки бино бар ақидаи шаҳрвандон бояд бо духтарон ва занони гурӯҳҳои хатарнок (аз оилаҳои камбизоат, ки бекор мондаанд, ҷудошуда, яккаву танҳо ва ғайра) корҳои профилактикӣ гузаронда шаванд.
Тадқиқоти телефонӣ андешаҳои шаҳрвандонро оид ба чораҳои муассиртарин барои пешгирии ба ғуломии меҳнатӣ ё шаҳвонӣ афтидани одамон муайян намуд. Омили асосии мубориза бо савдои одам ба ақидаи 75,5 фоизи иштирокдорони пурсиш бояд таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои кишвар ва ташкили муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ бошад, ки ғайриқонунӣ барои кор ба кишвари дигар рафтани шаҳрвандонро пешгирӣ мекунад.
Барои пешгирии савдои одам ва истисмори онҳо бинобар ақидаи 51,8 фоизи шаҳрвандон бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта,  муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ дар бораи хатари шуғли ғайриқонунӣ дар хориҷа огоҳ карда шаванд.
Ҳар сеюмин пурсидашуда бар он ақидаанд, ки пурзӯр гардонда шудани ҷазо барои чунин ҷиноятҳо чораи муассири мубориза бо савдои одам мебошад.
Мувофиқи маълумоти бадастомада шароит фароҳам овардан зарур аст, ки имконияти содир кардани ҷиноятҳои марбут ба савдо ва истисмори одамонро истисно кунад. Ба ин муносибат шаҳрвандон зарурати ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бар зидди савдои одамон дар Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур, ташкили марказҳо, хусусан дар минтақаҳо, фароҳам овардани имконият барои шаҳрвандон бобати рафтан бо роҳи қонунӣ, дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар кишвари мо ва ҳам дар хориҷи кишвар қайд карданд.

Бинобар маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» мухбири ӮзА З.ҶОНИБЕКОВ тайёр кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ