Шогирд қотили устод


Дар вилояти Навоӣ ҷанҷоли устоду шогирд бо қотилӣ анҷом ёфт. Дар ин бора шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Навоӣ хабар дод
Гуфта мешавад, ки устоди 62-сола ва шогирди 32-солаи ӯ тӯли солҳои дароз бо ҳам якҷоя автомобил таъмир мекарданд. Ҳар ду сокини ноҳияи Учқудуқ буданд.
Рӯзи 2 августи соли ҷорӣ устоду шогирд дар гаражи худ дар маҳаллаи “Дӯстлик”-и Учқудуқ шаробнӯшӣ мекунанд. Баъди мастӣ бо сабабе дар миёни онҳо ҷанҷол оғоз мешавад.
Дар ин ҷанҷол шогирд устоди худро бераҳмона латукӯб мекунад. То омадани ёрии таъҷилӣ устод бар асари захмҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса вафот мекунад.
Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтиш идома дорад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ