ПЕНАЛТӢ. БЕҲТАРИН ИҶРОКУНАНДАГОНИ ОН ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ

ПЕНАЛТӢ. БЕҲТАРИН ИҶРОКУНАНДАГОНИ ОН ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ

  • Post category:Варзиш

Пеналтӣ яке аз лаҳзаҳои шадиди равонӣ дар тамоми тӯли бозии футбол маҳсуб мешавад. Дар таърихи футбол ҳамеша буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд футболбозоне, ки барои онҳо задани зарбаи 11-метра танҳо як маъно – афзудани шумораи голҳоро ифода мекунад. Алҳол дар таърихи футбол 15 нафар беҳтарин иҷрокунандагони пеналтӣ мавҷуданд.
Дар сафи аввал Мэтт Ле Тисс қарор дорад ва ӯ рекордсмен, беҳтарин иҷрокунандаи пеналтӣ дар таърихи футбол дониста мешавад. Мэтт футболбози достонзеби клуби «Саутгемитон»-и Англия буд. Вай дар тӯли 16 сол дар Премйер лига дар иҷрои зарбаҳои 11-метра як маротиб ноком монда, аз 49 зарбаи задааш 48 – тоаш ҳадафрас будааст. Дар мақоми дувуми беҳтаринҳо Рикки Ламберт ҳамлагари «Вест Бромвич» (Англия) мавқеъ дорад. Ин ҳамлагари бағоят дараҷаи олӣ бо вуҷуди дар ҳамаи дивизионҳои футболи Англия бозӣ кардан, инчунин бозигаре маҳсуб мешавад, ки дар задани пеналтӣ хеле маҳорати бузург дошт. Ӯ аз 48 зарба – 47 –торо ба нишон расондааст.
Алан Ширер дар ин радиф дар ҷойи сеюм аст. Голзани беҳтарин дар таърихи Премйер – лигаи футболи Англия, бозигари достонзеби клуби «Нюкасл» ҳангоми иҷрои зарбаи пеналтӣ чун моҳӣ дар об худро эҳсос мекард. Гоҳе ба назар мерасид, ки аз зарбаи сахти ӯ тӯб мекафида бошад. Дар панҷгонаи беҳтарин Зинедин Зидан, сармураббии кунунии клуби «Реал» (Мадрид) шомил аст. Зидан дар ҳамаи ҳолатҳо ва ҳамаи лаҳзаҳо бағоят бузург буд. Бозии финалии чемпионати ҷаҳон дар корномаи футболи ӯ аз ҳама асоситарин маҳсуб мешавад. Дар ин дидор Зинедин Зидан пеналтиро ба ҳадаф расонд, ки тамоми мухлисони дунёро ба ҳайрат овард. Ин зарба то ҳанӯз дар таърихи футбол яке аз ҳайратангезтарин зарба ба шумор меравад.
Дар зинаи 5-ум Френк Лэмпард қарор дорад. Ӯ дар ду финали бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо пеналтиро ба нишон расондааст. Френк бо ба роҳатӣ ва худбоварии худ дар задани пеналтӣ ҳамаро қоил кардааст.
Стивен Ҷеррард, Криштиану Роналду, Мишел Платини, Михаэл Баллак, Эрик Кантона, Роналдинио, Герд Мюллер, Йохан Кройф, Хосе Луис Чилаверт (дарвозабони тими мунтахаби Парагвай) ва Александр Грэхем мутаносибан ҷойҳои аз 6 то 15-умро ишғол менамоянд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ