Чанд бинои таърихии Бухоро ба феҳристи ЮНЕСКО илова мешавад

Чанд бинои таърихии Бухоро ба феҳристи ЮНЕСКО илова мешавад


Бино ба хабари вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳои сабти 7 бинои таърихии Бухоро дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО таҳия мешавад.
Вазорати фаҳанги Ӯзбекистон, комиссияи миллии корҳои ЮНЕСКО ва Академияи фанҳои Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҷалби пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ ҳуҷҷатҳои сабти маҷмӯаҳои Чор Бакр ва Баҳоуддин Нақшбанд, минораи Вобкент, мақбараи Чашмаи Аюб, харобаҳои шаҳрҳои Пойканд, Варахша ва Вардонзеро таҳия мекунанд.
Бо ин иқдом шумори биноҳои таърихии Ӯзбекистон дар феҳристи ЮНЕСКО ва ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар бештар хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар Бухоро шумори осори таърихиву фарҳангӣ 829-то аст.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон соли 1993 узви ЮНЕСКО шуд ва 22 декабри соли 1995 конвенсияи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳониро тасвиб (ратификатсия) кард.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ