Бо сарварии Сарвазир ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Баъзе раисони маҳаллаҳоро сахт танқид карданд

Дар он фаъолияти Вазорати дастгирии маҳалла ва оила муҳокима гардид.

Роҳбари Ҳукумат кирдукори баъзе роҳбарони маҳаллаҳоро, ки дар додани пули ёрии моддии якмаротибаина аз буҷети Ҷумҳурият ба сусткорӣ роҳ додаанд,сахт танқид кард.

Сарвазир гуфт ки инро бо ҳеҷ як мизон чен карда намешавад.

Ёдрас мекунем ки рӯзи 4 — уми август бо сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои дастгирии моддии қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ ва ёрӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ дар даври пандемия ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.Дар ҷамъомад роҷеъ ба дуруст ва ҳаққонӣ ташаккул додани рӯихати оилаҳои ба ёрии моддӣ ва кӯмак мӯҳтоҷ ва аз рӯи адолат додани пули ҷудокарда дастурҳои муайян дода шуд.

Ба идораҳои давлатии нозирот назорати доимии дуруст тақсим кардан ва пардохти маблағҳо,пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ супурда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ