Канаҳо дар Чин вируси нави кушандаро паҳн мекунанд


Дар Чин вируси кушандаи SFTS паҳн мешавад. Паҳнкунандагони ин вирус канаҳо мебошанд. Дар ин бора рӯзномаи Глобал Таймз навишт.
Бино ба додаҳои ҳукумати Чин, вируси SFTS то ба ҳол тақрибан ба 60 нафар сироят карда ва 7 нафарро куштааст.
Нахустин ҳолати мубталошавӣ ба вируси SFTS дар вилояти Сзянсу сабт шуд. Дертар дар вилояти Анхой низ чунин мушоҳида шуд.
Сурфа, таби баланд ва кам шудани лейкоситу тромбосит дар таркиби хун нишонаҳои сирояти SFTS аст.
Ёдовар мешавем, ки вируси SFTS соли 2011 кашф шуда буд. Ҳамзамон бо сироят аз кана ба одам, вирус аз бемор ба каси дигар тавассути хун ва оби даҳон мегузарад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ