Баъди таркиш дар Бейрут ҳоло беш аз 60 нафар бе ному нишон гум ҳастанд


Баъди таркиши марговар дар бандаргоҳи Бейрут ҳоло беш аз 60 нафар ба сурати расмӣ бе ному нишон гумшуда ҳастанд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати тандурустии Ливан хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 август дар бандаргоҳи Бейрут захираи 2750-тоннаи нитрати аммоний таркид. Ин захира соли 2013 аз киштии Rhosus мусодира шуда буд ва то ба ҳоли дар бандаргоҳ нигаҳдорӣ мешуд.
Дар натиҷаи таркиш 154 нафар ҷони худро аз даст доданд ва тақрибан 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд. Қисмате аз шаҳри Бейрут хароба шуд ва тақрибан 300 ҳазор нафар бе хонаву ҷой монданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ