Толибон: Аслиҳаро аз маъмурияти Кобул мехарем


Суҳайл Шоҳин, намояндаи офиси сиёсии ҷунбиши Толибон дар Қатар гуфт, ки Толибон бо Русия ва дигар кишварҳои минтақа танҳо мулоқоти сиёсӣ дорад ва аслиҳаро аз маъмурияти Кобул ва нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон мехарад.
Шоҳин гуфт, “Офиси сиёсии мо бо Русия ва дигар кишварҳо робитаҳо дорад. Вале, танҳо дар чорчӯби сиёсӣ. Мо робитаҳои низомӣ надорем”.
Ӯ афзуд, “Мо дар Афғонистон захираи силоҳ дорем. Аз маъмурияти Кобул ва нерӯҳои мусаллаҳ аслиҳа харид мекунем. Қаблан дар бораи гум шудан, ё ба ғорат рафтани садҳо ҳазор силоҳи онҳо хабарҳо паҳн шуда буд. Он силоҳҳоро мо харидаем. Аслиҳаи мо хеле бисёр аст. Ҳамаи онро аз маъмурияти Кобул гирифтаем”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ