Қабули ҳуҷҷатҳо барои ихтисоси дуюм аз 10-уми август оғоз меёбад


Квотаҳои қабул барои ихтисоси дуюм муқаррар карда нашудааст. Муассисаҳои таълими олӣ аз рӯи шумораи довталабон имтиҳонҳоро дар асоси мусоҳиба мегузаронанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои ихтисоси дуюм дар соли таҳсили 2020-2021 аз 10 -уми августи соли ҷорӣ оғоз меёбад. Дар ин бора, сардори садорати Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус Абдувалӣ Холиқов хабар дод.
«Мо ба Комиссияи давлатӣ пешниҳод кардем, ки раванди ҳуҷҷатсупорӣ барои ихтисоси дуюмро аз 10-31-уми августи соли ҷорӣ гузаронида шавад,. Пешниҳоди мо пазируфта шуд. Ҳуҷҷатҳо дар вақти муайяншуда ба тарзи онлайн қабул карда мешаванд. Квотаҳои қабул барои ихтисоси дуюм муқаррар карда нашудааст. Муассисаҳои таълими олӣ имтиҳонҳоро дар асоси мусоҳиба, вобаста аз шумораи довталабон, мегузаронад. Агар шумораи довталабон кам бошад, қабул бидуни имтиҳонҳо сурат мегирад », — гуфт Холиқов.
Вазир Иномҷон Маҷидов илова намуд, ки рафти қабул ба ихтисоси дуюм мушкил нахоҳад шуд. Ҳар як муассисаи таълими олӣ иқтидори довталабро дар асоси меъёрҳои худ баҳогузорӣ мекунад ва шумораи қабули донишҷӯёнро муайян мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ