Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳолатҳои пневмония дар Туркманистонро дубора месанҷад

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳолатҳои пневмония дар Туркманистонро дубора месанҷад

  • Post category:Ҷаҳон

Намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зарурати дубора санҷидани ҳолатҳои пневмония дар Туркманистонро эълом карданд.
Рӯзи гузашта видеоконфронс миёни президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммадов, директори генералии ТУТ Тедрос Адан Гебрейюс ва Директори минтақавии ин созмон Ханс Клуге баргузор гардид.
Дар ин бора Ханс Клуге дар сафҳаи Facebook-и худ хабар дод.
«СУТ аз афзоиши шумораи бемориҳои пневмония дар Туркманистон бо озмоишҳои манфӣ барои COVID-19 изҳори нигаронӣ карда, аз мутахассисони маҳаллӣ даъват кард, ки мустақилона санҷишҳоро барои COVID-19 дар кишвар гузаронанд ва инчунин онҳоро ба лабораторияҳои аврупоии СУТ фиристанд» гуфтааст Клуге.
Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба зарурати ин тадбирҳо розӣ шудааст.
Инчунин, Президенти Туркманистон дар бораи «пневмонияи этимологияи номаълум, ки дар минтақа зуд паҳн мешавад, хабар додааст. Нуктаи назар вуҷуд дорад, ки ин беморӣ дар пайи коронавируси нав ба вуҷуд омадааст», иқтибос овардааст нашрияи «Хроники Туркменистана» аз Бердимуҳаммадов.
Пас аз муколама бо СУТ, Бердимуҳаммадов вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва вазири тандурустӣ Нурмуҳаммад Аманнепесовро ба наздаш хондааст, ки ҷузъиёти гуфтугӯи онҳо мушаххас нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмии Туркманистон, то ҳол ҳамчун кишвари бидуни коронавирус боқӣ мондааст. Ҳамзамон, ташрифи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҷумҳурӣ якчанд маротиба мавқуф гузошта шуд ва расонаҳои маҳаллӣ дар бораи ҳолатҳои вуҷуди COVID-19 бо истинод ба манбаъҳо иттилоъ доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ