Мотами серӯза дар Брализия ба ёдоварии қурбониёни коронавирус


Додгоҳи (суд) олии Бразилия ба ёди қурбониёни корнавирус дар кишвар мотами серӯза эълон карданд. Дар ин бора сайти расмии додгоҳ хабар додааст.
Дар баёнияи додгоҳ чунин гуфта мешавад, “Ҳамчун нишонаи ҳамбастагӣ ба ҳар нафаре, ки бар асари COVID-19 вафот кард, додгоҳи олӣ мотами расмии серӯза таъин мекунад”.
Гуфта мешавад, ки чунин фоҷеа дар таърихи Бразилия пеш аз ин рух надода буд.
Чанде пеш вазорати тандурустии Бразилия хабар дод, ки рӯзи гузашта шумори қурбониёни коронавирус ба 100 477 нафар расид. Дар саросари кишвар беш аз 3 миллион нафар мубталои коронавирус ҳастанд.
Бино ба додаҳои пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, Бразилия аз рӯи шумори мубталоён баъди ИМА дар ҷаҳон дар паллаи дувум қарор дорад.
Манбаъ: РБК

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ