Дар Тоҷикистон 84,2 фоизи гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

Дар Тоҷикистон 84,2 фоизи гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6528  нафар ё худ 84,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар мамлакат 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон дар муддати аз 30 апрел то 8 август ба 7745 нафар ва фавтидагон ба 62 нафар расид.
«Давоми шабонарӯзи охир 94 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти вазорат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ