Сӯхтор дар маркази беморони COVID-19 дар Ҳиндустон боиси марги 7 нафар шуд

Сӯхтор дар маркази беморони COVID-19 дар Ҳиндустон боиси марги 7 нафар шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази беморони коронавирус дар иёлати Аҳра-Прадеши Ҳиндустон 7 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NDTV хабар дод.
Ба гуфтаи Муҳаммад Имтиёз, намояндаи ҳукумати маҳаллӣ, дар натиҷаи сӯхтор ошёнҳои якум ва дувуми бинои шашошёни бемористон комилан хароба шуд.
Ҳангоми сӯхтор дар бемористон 30 нафар мубталои коронавирус буданд. Ҳафт нафари онҳо дар сӯхтор кушта шуданд. 20 нафари дигар захм бардоштанд. Вазъияти саломатии баъзе аз беморон хеле вазнин аст.
Сабаби сӯхтор ҳоло таҳқиқ мешавад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ